Нишонаҳое аз баргашти лимити барқ мардуми Тоҷикистонро нигарон кард

Сокинони ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон шикоят карданд, ки чанд рӯзи охир дар ноҳияҳо ба куштани нирӯи барқ сар кардаанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, сокинони ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон аз Фархору Восеъ то Кӯшониён ва аз Шаҳринав то Тавилдараву Рашт ба сомонаи "Ахбор” шикоят карданд, ки чанд рӯзи охир дар ноҳияҳо ба куштани нирӯи барқ сар кардаанд. Сокинони мегӯянд, аз субҳ то бегоҳ ва аз соати 23 то субҳ барқ надоранд. Ин дар ҳолест ки лимити барқ дар Тоҷикистон моҳи январи соли 2017 лағв гардид ва мақомот эълон карда буданд, ки лимит дигар моли таърих шуд.Чунин ба назар мерасад, ки баъди як солу 8 моҳи қарори таърихӣ дар бораи комилан аз байн бурдани лимити барқ маҳдудиятҳо дар роҳи таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ дубора ба Тоҷикистон бар мегардад.Сокинони чанд ноҳия ба сомонаи "Ахбор” шикоят карданд, ки 2-3 рӯзи охир нирӯи барқ ба онҳо бо маҳдудият дода мешавад.Аз ҷумла як сокини ноҳияи Рашт хабар дод, ки се рӯз боз нирӯи барқро дар ин ноҳия бегоҳ аз соати 17 то 23 ва субҳ аз соати 5 то 9 медиҳанду халос.Рӯзи 20 сентябр дар шаҳри Истаравшан ва деҳоти атрофи он низ нирӯи барқро барои 8 соат хомӯш кардаанд. Сокинони Истаравшан мегӯянд, агар дар оғози тирамоҳ чунин маҳдудият ҷорӣ шавад, ку замонате ки мардум дар зимистон ба барқ таъмин хоҳанд шуд?Ҳамин тавр, дар ноҳияи Кӯшониён (собиқ Бохтар) се рӯз боз нирӯи барқ ба аҳолӣ фақат аз соати чор то нӯҳи субҳ ва бегоҳ аз соати 17 то 24 дода мешавад. Як сокини Кӯшониён ба сомонаи "Ахбор” гуфт, мухлиси тими "Зенит”-и Санкт-Петербург аст ва барои тамошои бозии тими дӯстдоштааш маҷбур шудааст дар ними шаб ба шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) биравад.Дар ноҳияи Фархор нирӯи барқ ба мардум чанд рӯз боз дар соатҳои бомдодӣ фақат то соати 8 медиҳанд. Бегоҳ нирӯи барқ аз соати 18 то 23 дода мешавад ва сипас барқро хомӯш мекунанд, мегӯянд сокинон. Айни ҳолат, ба гуфтаи сокинон, дар ноҳияи Восеъ дида мешавад.Дар идораи нирӯи барқи ноҳияи Фархор ба сокинони норозӣ шарҳ додаанд, ки сабаби қатъи нирӯи барқ ... зарурати буридани шохи дарахтҳоест, ки болои хатҳои интиқоли нирӯи барқ хам шудаанд ва дар сурати вазидани боди сахт ё боришоти зиёд метавонанд хатари кандани хатҳои барқро ба вуҷуд биоранд.Ва аммо шикоятҳо аз ноҳияҳои мухталиф нишон медиҳанд, ки сабаб, албатта, зарурати буридани шохаҳои дарахтҳо нест. Дар Тоҷикистон аз миёнаҳои солҳои 90 ба ин тараф дар ҳар фасли сармо лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ карда мешуд. Аз моҳи октябр то апрел ба аҳолӣ, ба истиснои пойтахт ва чанд шаҳри дигар, дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат, маъмулан то 5 соат барқ дода мешуд."Барқи Тоҷик” рӯзи 14 январи соли 2017 эълон карда буд, ки маҳдудиятҳои солҳо боз мавҷуда дар роҳи таъмини аҳолӣ бо нирӯи барқ комилан бардошта шуданд ва бо ҳамин лимити барқ дар Тоҷикистон моли таърих шуд.Аммо хабарҳои ахир дар бораи маҳдудиятҳои нав дар роҳи таъмини мардум бо нирӯи барқ нишон медиҳад, ки лимити барқ зоҳиран аз бойгонии таърих дигарбора берун мешавад.

general.images