Нируҳои мухолифи Отамбоев дар Қирғизистон шакл мегиранд

Дар Қирғизистон, чаҳор ҳизб ва як анҷумани сиёсӣ, бо ҳам эътилоф намуда оппозисиюни давлати Қирғизистонро шакл додаанд.

Дар Қирғизистон, чаҳор ҳизб ва як анҷумани сиёсӣ, бо ҳам эътилоф намуда оппозисиюни давлати Қирғизистонро шакл додаанд.

Аҳзоби сиёсии “Бутун Қирғизистон”, Ота журт”, “Ҷунбиши муқовимат” ва намояндагони “Анҷумани Бишкек”, ки ҳамагӣ мухолифони ҳукумати Отамбоев  ба шумор мераванд, дар эътилоф бо ҳам, ҷунбиши оппозисиюнро дар ин кишвари Осиёи Марказӣ роҳ андохтаанд.

Намояндагони мухолифи ҳукумати Қирғизистон, ҳадаф аз ташкили ин эътилофи гурӯҳҳои сиёсиро, кӯмак ба тараққии кишвар ва гирди ҳам овардани афроди ватанпараст эълом намудаанд.

Ба гуфтаи намояндагони оппозисиюни ин кишвар, шароити иқтисодии Қирғизистон дар вазъи номуносибе қарор дорад, имконоти умумӣ, барқ, маҳсулоти хӯрокӣ, гарон шудааст ва давлат назорати дақиқ бар фаъолияти бонкҳо ва бозорҳо надорад.

Аъзоёни ин эътилофи сиёсӣ аз давлати Қирғизистон хостаанд, давлат бо назорат бар бозор ва фаъолияти ниҳодҳои ҳукуматӣ, барои коҳиши нархи маводди хӯрокӣ ва барқ талош намояд. Ҳамчунин аз дигар хостаҳои мухолифон, вогузор намудани интихоби шаҳрдор ба мардум ва ироаи барномаи ҷомеъ баро ҳалли мушкилоти аслии шаҳрвандон аст.

general.images