Нигоҳе ба қатли Эшони Қиёмиддин ва Махсуми Саттор/ ҳадафи режими Раҳмон аз қатли онҳо чист?

Режими Раҳмон борҳо ва борҳо бо амалкарди худ дар муддати 27 соли ҳукуматрониаш ваҳшигарӣ, бераҳмӣ, ҳайвонсифатӣ, ҳирс, тамаъ ва валаъ ба пулу молу ҳукуматдории дунёро исбот кардааст ва нишон додааст, ки барои боқӣ мондан дар ҳукумат ҳатто ҳозир аст ҳамаи аҳолии Тоҷикистонро фидо кунад, то худаш бар курсии раёсатҷумҳурӣ боқӣ монад.

Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи ҳукуматронӣ ва боқӣ мондан дар вазифаи раёсатҷумҳурӣ ҳар чиз ё касеро ки эҳтимол медиҳад, монеи ҳадафаш аст, дар ҷо ӯро аз байн мебарад ва талош мекунад, ки ҳатто насли он шахсро аз байн барад, то худашро аз ҳамлаи кинатӯзонаи бозмондагони мақтул эмин созад. (Ҳамон тавр ки дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалим ин корро анҷом дод ва ба ҳар мардинаи ин оила ки дасташ расид, ба қатл расонд, ки мегӯянд 17 мардинаи ин оиларо ба таври ваҳшиёнае кушт).

Яке аз ҳизбе ки Эмомалӣ Раҳмон онро хатар ва таҳдиде барои раёсатҷумҳуриаш дид, ҲНИТ буд. Аз ҳамин сабаб тавтеа кард ва С.Ятимов нақшае чинд ки ин ҳизбро аз байн барад. Нақша муваффақ буд ва ҲНИТ аз саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ихроҷ, ва аъзояш дастгир шуданд.

Ҳадаф аз қатли Махсуми Саттор

Яке аз касоне, ки дар ҲНИТ муассир буд ва тарафдорони зиёде дар ҳукумат низ дошт, раҳматии Шаҳид Махсуми Саттор буд. Ӯ ки шахси варзишкори ҳирфаӣ буд ва шогирдони каратеисти зиёде ба ҷомеа таҳвил дод, хатари ҷиддие барои Эмомалӣ Раҳмони афсурдадили фартути майнуш буд. Аз ҳамин сабаб Эмомалӣ Раҳмон ва С.Ятим тавтеа карда, ӯро ба қатл расонданд, то мабодо шогирдонаш шуриш кунанд ва вазъиятро барои Эмомалӣ Раҳмон ноором созанд.

Эмомалӣ Раҳмон эҳтимол медод, ки Махсуми Саттор, ки шогирдони каратеисти зиёде дорад ва ҳамаашон фармони устодашонро бечуну чаро иҷро мекунанд, рӯзе ояд ки Махсуми Саттор фармони шуриш диҳад ва шогирдонаш фармонро иҷро карда, Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳамаи дастгоҳу кланаш сарнагун созанд. Аз ҳамин сабаб ӯро ба қатл расонд ва маргашро ба гардани аъзои террористии ДИИШ андохт, то шогирдонаш кинаи устоди қаҳрамонашонро бар сари Эмомалӣ Раҳмон холӣ накунанд ва аз ӯ интиқом нагиранд.

Ба назар мерасад, ки шогирдони устод Махсуми Саттор, тавтеа ва ҳилаи Эмомалӣ Раҳмонро фаҳмидаанд ва рӯзе меояд, ки яке аз шогирдони сарсупурдаи шаҳид Махсуми Саттор қасди устоди худро гирифта, ба Э.Раҳмон зараре ворид созад.

Ҳадаф аз қатли Эшони Қиёмиддин

Аммо Эшони Қиёмиддин, ки ба ҷурми “шиагароӣ” дастгир шуд ва Эмомалӣ Раҳмон айнан ҳамин калимаро дар борааш истифода бурд, қатли ӯро барномарезӣ кард, то чанд фоида ба даст орад, ки иборатанд аз;

1.Ҷанги мазҳабиро дар Тоҷикистон калид занад;

Эшони Қиёмиддин ба гуфтаи Э.Раҳмон шиа буд ва ба ҷурми шиагароӣ дастгир шуд. Дар шурише ки дар зиндони Ваҳдат анҷом гирифт, ба гуфтаи ҳукумати Раҳмон кори ДИИШ буд. Дар натиҷа ДИИШ, ки салафигаро ҳастанд Эшони Қиёмиддини шиагароро ба қатл расонданд. Натичаи ин шуриш ин аст, ки салафӣ шиаеро кушт, пас ҷанг, ҷанги мазҳабӣ аст ва ба Эмомалӣ Раҳмон ягон дахл надорад.

Нашқаи Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим бисёр ҳилагарона аст, ки бо ин амал мехоҳанд, хатарро аз худашон дур кунанд ва ҳамаи ҷурму ҷинояту зулму мубориза алайҳи Исломи азизро аз зеҳни мардум дур созанд, ва ҷанги мазҳабиро алам кунанд то, зеҳни мардум аз асли масъала ки зулму ҷинояту мубориза алайҳи Исломи Эмомалӣ Раҳмон ва Саймумин Ятим аст, дур шуда, ба масоили ҳошиявии ҷанги мазҳабӣ кашида шаванд.

2.Хушхидматӣ ба Арабистон ва кандани пулҳои ҳангуфт;

Бино ба иттилооте ки аз нерӯи амнияти Тоҷиикстон ба даст омадааст, Эмомалӣ Раҳмон, Саймумин Ятим ва ҳамаи сохторҳои амниятии Тоҷикистон бар ин боваранд, ки Арабистон бунёнгузори идеологияи салафизм аст ва ҳамаи салафиҳои ҷаҳон аз Арабистон ба вуҷуд омада ҳимоят мешаванд. Салафизм як душман дорад ва он шиа ва шиагаро аст. Ба ҳамин хотир аст, ки Арабистон ба кишварҳое ки шиагароянд, ҳамла карда, таҳдидҳои фаровоне анҷом медиҳад. Яман низ 5 сол аст ба ҳамин хотир таҳти ҳамлаи беамони Арабистон қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон низ ки аз Арабистон пулҳои калоне дарёфт мекунад, то ҳам салафизми Тоҷикистонро озор надиҳад ва ҳам шиагароёни Тоҷикистонро ба қатл расонад. Эмомалӣ Раҳмон барои ин кор пулҳои калоне аз Арабистон дарёфт мекунад ва он ҳам дар шароити кунунии ҷаҳон, ки кишварҳои Аврупоӣ чанд сол аст, ки дигар ба Э.Раҳмон кумак намекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки Шавкат Мирзиёев миллиардҳо доллар аз ин кишварҳо ҷамъоварӣ кардаистодааст, ки ба истилоҳ “талхаи” Эмомалӣ Раҳмон аз бухл, бахилӣ ва ҳасодат кафидаистодааст!

3.Интихоботи 2020 наздик аст, Русия намехоҳад Рустами наркоман президент шавад;

Эмомалӣ Раҳмон дар асари беобрӯгӣ ва белаёқатӣ муддати 5 сол буд, ки ба кишварҳои хориҷ сафари расмӣ надошт. Чанд моҳ пеш ба Русия сафари расмӣ дошт, то иҷозаи президентии Рустами наркоманро аз Русия бигирад, аммо Русия онро қабул накард ва намехоҳад як беобрӯи дигар монанди Эмомалӣ Раҳмон бар гардани Русия бор шавад.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз дарёфти посухи Русия мабнӣ бар радди Рустами Эмомалӣ ба президентӣ монанди саги ҳор шуда асабонӣ гаштааст. Танҳо роҳе ки барои ӯ мондааст ин аст, ки то охир бояд ин роҳро биравад ва дар ин роҳ ё пируз шавад ё мағлуб. Агар мағлуб шавад, ҳамаи дастоварди 27 солааш аз ҳукумату оилаю раёсатҷумҳурӣ нобуд гашта, номи ӯ дар таърих бо бадномӣ мемонад. Ба ҳамин хотир ҳар чанд вақт як бор даст ба амалҳое мезанад, ки аз девона мебарояд.

Ба ҳамин хотир имрӯз (20 май 2019) шурише дар зиндонро ба намоиш гузошт, ки дар он Эшони Қиёмиддин ва Махсуми Саттор ба таври ваҳшиёнае ба қатл расиданд.

general.images