Нигоҳе ба “таърифнома”-и ҷаҳонпаҳлавон, Беҳрӯзи Хоҷазода аз Э.Раҳмон!

Аммо Э. Раҳмон ва ҳамаи сиёсатмадороне ки атрофи ӯянд, ин фурсатро муғтанам шуморида, ба ҷаҳонпаҳлавон гуфтанд, ки аз Э. Раҳмон таърифу тамҷид кун.

Беҳрӯзи Хоҷазода ҷаҳонпаҳлавон ва қаҳрамони ҷаҳон, дар ҳафтаи гузашта бо пирӯзии ҷононае, ки бар ҳарифони номии ҷаҳонӣ дошт табдил ба як шахсияти ҷаҳонӣ шуд ва номи ӯ дар ВАО-и ҷаҳонӣ бо забонҳои мухталиф сархати хабарҳо буд. Ӯ барои Тоҷикистон ифтихоре офарид, ки агар даҳҳо Э.Раҳмону Рустами Эмомалӣ рӯи ҳам ҷамъ шаванд ба андозаи як ангушти хӯрди ҷаҳонпаҳлавон Беҳрӯзи Хоҷазода намешаванд ва ҳаргиз наметавонанд номи Тоҷикистонро баланд бардоранд, гарчӣ то ба имрӯз садҳо бор номи Тоҷикистонро паст зада, дар сархати хабарҳои баду беобрӯгии ҷаҳоние монанди қашоқтарин, камбағалтарин, диктатортарин қарор додаанд.Қаҳрамони ҷаҳон, Беҳрӯзи Хоҷазода бо мароми ҷавонмардӣ ва адабе ки дошт ҳамаи мухлисони худро шод кард ва мухлисонаш низ шукри Худо дар фурудгоҳ аз ӯ истиқболи гарме анҷом доданд ва ӯ қаҳрамонии худро мадюни мардуми Тоҷикистон аст, ки худаш мегӯяд:"Аз ман мепурсанд, ки чӣ тавр бо латхӯрии даст ба ман муяссар гардид, ки чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон Попов Степанро мағлуб намоям? Ман мардуми Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекардаму дар қувваозмоӣ бо Попов, ҳуқуқи бохтанро надоштам ва дар сурати шикастани даст низ, ба мағлубият тан намедодам”. Яъне ӯ ба мардуми Тоҷикистон фикр карда, барои шод кардани дили онҳо ҳамаи дардро ба ҷон хариду таслим нашуд, то инки ба қаҳрамонии ҷаҳон расид. Аммо Э. Раҳмон ва ҳамаи сиёсатмадороне ки атрофи ӯянд, ин фурсатро муғтанам шуморида, ба ҷаҳонпаҳлавон гуфтанд, ки аз Э. Раҳмон таърифу тамҷид кун. Воқеан чӣ қадар инсон паст мешавад, ки ба қаҳрамон дикта мекунад, ки пирӯзиатро мадюни Э.Раҳмон дон ва аз ӯ таърифу тамҷид кун.Ҷаҳонпаҳлавон Беҳруз Хоҷазода гарчӣ бо заҳмату талоши фаровони худаш ба ин қаҳрамонӣ расид ва қатъан ҳеҷ як аз ниҳоди давлатӣ аз ӯ ҳимоят накард - чун ҳеҷ ниҳоди давлатие то ба ҳол нашудааст, ки аз қаҳрамонон пеш аз қаҳрамониашон ёрдам кунанд, ки Расул Боқиев намунаи комили ин ноҷавонмардии сиёсатмадорони Тоҷикистон қобили мисол задан аст- аммо мақомоти Тоҷикистон ба ӯ ҳатто тариқаи таърифу тамҷид аз Э.Раҳмонро навишта додаанд то ҷаҳонпаҳлавон аз ӯ тамҷид кунад.Гарчӣ мароми паҳлавонӣ ва қаҳрамонии ҷаҳонпаҳлавон иҷозат намедиҳад, ки ба шахсе ки заррае ҳимоят намекунад, таърифу тамҷид кунад, аммо барои сафарбар шудан ба мусобиқаҳои баъдӣ бояд аз золиме чун Э.Раҳмон тамҷид кунад, то мабодо мавриди кинаи кинатӯзонаи ӯ қарор гирад ва аз саҳнаи ҷаҳонии варзиш маҳв шаваду ояндааш нобуд гардад. Ба ҳамин хотир, ӯ хатар карду аз Э.Раҳмон тамҷиду таъриф намуд, гарчӣ бархилофи майлаш буд, аммо лозим буд ки барои пешрафтҳои баъдиаш монеъ нашаванд ва бигузоранд қаҳрамонии алемпиро низ аз худ кунад.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, журналистон баъди ин мусобиқа аз ман суол менамоянд, ки чӣ тавр ҳангоми латхӯрии даст ба ман муяссар гардид, ки чемпиони чандинкаратаи ҷаҳон, Аврупо, Бозиҳои аврупоӣ ва Универсиада- Попов Степанро мағлуб намоям?! Дар ҷавоб ба ҳамаи суолҳо чунин гуфтанӣ ҳастам, ки ман мардуми зиёда аз 8 миллион нафараи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекардаму дар қувваозмоӣ бо Попов, ҳуқуқи бохтанро надоштам ва дар сурати шикастани даст низ, ба мағлубият тан намедодам. Зеро, миллату давлати ман арзанда ва сазовори беҳтарин хизматҳост ва шоистаи аз ин ҳам бештари чоннисориву қурбониҳо мебошанд. Ман чунин фикр мекунам, ки дилхоҳи ҷавон ва тамоми варзишгарони тоҷик ба ин амал қодир ҳастанд ва аз номи кулли ҷавонон гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамарӯза бо кӯшишу меҳнати ҳалол барои ободии Ватан ва баланд бардоштани эътибори миллату давлатамон хизмат менамоем.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images