Нигоҳе ба сафари ВУХ ҶТ ба ҶИЭ/ Дурӯғи ошкори мақомоти ҶТ дар бораи ёддошти тафоҳум!

Тақрибан як ҳафта мешавад, ки Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда буд ва тайи он як силсила гапҳои пучу дурӯғе монанди ҳамеша, ҳукумати Тоҷикистон пахш кард.

Аз ҷумлаи дурӯғҳое ки мақомоти Тоҷикистон пахш карданд, ёддошти тафоҳуме буд, ки байни ҷониби Эрон ва ҷониби Тоҷикистон гӯё ба имзо расид, ки дар он гӯё Эрон вазифадор шудааст, ки дигар аз ҲНИТ ҳимоят накунад ва ...

Ёддошти тафоҳуме ки мақомоти Тоҷикистон пахш карданд ва то ба ҳол Эрон ҳатто як калима ҳам дар бораи он суҳбат накардааст, худ далел бар он аст, ки мақомоти Тоҷикистон дурӯғ мегӯянд, монанди ҳамеша ки ҳатто суханони хориҷиёнро дар тарҷумаашон таҳриф карда, ошкоро дурӯғ мегӯянд; яъне дар бешармӣ ва беҳаёии дипломатия то дараҷае паст шудаанд, ки ошкоро дурӯғ мегӯянд ва ҳақиқатро аз мардум мепушонанд, дар ҳоле ки дурӯғи ҳукуматро ҳам кишварҳои хориҷа ва ҳам мухолифони ҳукумат ошкоро баён медоранд ва мардум низ онро бо чашми худ мебинанд!

Имрӯза агар ба кормандони КДАМ ки дар фейсбук фаъоланд як назар андозед, мефаҳмед ки инсон чӣ қадар пасту залил мешудааст. Ҳамин касоне ки то як ҳафта пеш Ҷумҳурии Исломии Эронро сабабгори ҳамаи бадбахтиҳои Тоҷикистон медонистанд ва аз чапу росту болову поён ҳамла карда, дашномҳои ракик медоданд, имрӯз чунон аз Эрон таъриф мекунанд, ки гӯё ҳеҷ иттифоқе наафтодааст ва алайҳи Эрон филмҳои ҳуҷҷатие ки нақши аслии онро Эрон дар террор ва сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ ва пуштибони ҲНИТ бударо, аслан инҳо насохта бошанд!

Ҳаққо ки КДАМ ва кормадонаш монанди рубоҳи маккореанд, ки аз ҳилаю найранг истифода бурда, дар ҳар ҷое ки фоидаашон бошад монанди магаси гирди наҷосати бадбуй ҷамъ шуда, аз он пуштибонӣ ё дар сурати лузум сангпартобӣ мекунанд. Аммо дурӯғе ки мақомоти Тоҷикистон гуфтанд ва муддати чанд рӯз аст, онро пахш мекунанд, ҳаргиз аз ҷониби Эрон таъйид нашуд. Агар мақомоти ҶТ рост мегӯянд, ки тафоҳумнома ба имзо расонда ба тавофуқ расиданд, ки дигар аз ҲНИТ ҳимоят накунад, донишҷӯёне ки дар Эрон таҳсил мекунандро бигардонад ва даҳҳо масъалаи дигар, чаро Эрон ин тафоҳумномаро махфӣ медорад ва онро пахш намекунад, дар ҳоле ки бояд пахш кунад?

Дар сонӣ, конститутсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон пуштибонӣ ва ҳимоят аз мустазъафони ҷаҳон аст. Ва ин қонуни асосӣ аст, ки аҳаде дар Эрон ҷуръат надорад зидди қонуни асосӣ қарореро қабул кунад. Эрон Тоҷикистон нест, ки раиси ҷумҳураш ҷуръат кунад бар зарари манофеи миллаташ (монанди фуруши замин ба Чин, тарс аз Қирғизистон дар ҷангҳои сарҳадӣ ва...) ҳатто пинҳонкорона иқдом кунад; чун касоне ҳастанд ки раиси ҷумҳурро маҳкум карда, намегузоранд чунин ғалатҳое анҷом диҳад.

Ба унвони мисол, бародари президенти Эрон, Фаридун ки ҷиноят кард, бо вуҷуди инки Ҳасани Рӯҳонӣ президент буд, натавонист аз бародари худ ҳимоят кунад, дар натиҷа ба ҷавобгарӣ кашида шуда дар зиндон аст, дар ҳоле ки бародари Э.Раҳмон, Нуриддин дороиҳои мардумро ғорат карда, замину мошину молу мулки мардумро дар Данғара ғасб карда аз они худ кард ва ҳазорон ҷинояти дигарро наздикони Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳеҷ кас ба онҳо ҳатто “ту” гуфтанро ҷуръат намекунад, монанди Муҳиб, додараруси президент, ки шиори “номард бошму зинда бошм”-ро дар муқобили зани нотавоне ки молашро ғасб карда, дороияшро аз дасташ гирифт, натавонист аз ҳаққи худ дифоъ кунад.

Дар солис, дар Эрон қудрати аслӣ дасти раҳбари он кишвар Сайид Алӣ Хоманаӣ аст, ки сухани аввал ва охири Эронро ӯ мезанад. Эмомалӣ Раҳмон вақте ба мулоқоташ рафта буд, ӯро (ба хотири масҷидбандӣ, ва мубориза бо Ислом) қабул накард ва Эмомалӣ Раҳмон ки монанди саге ки бесоҳиб астро, аз худ дур кард, аз ҳамон ҷо буд ки Эмомалӣ Раҳмони таҳқиршуда бо Эрон чап шуд, ва сиёсати зидди Эронӣ пеш гирифт, аммо баъд аз чанд сол бо гардани кашол, сари хам, пешонии пур аз арақи шармандагию хиҷолат ба Эрон рӯ оварда, дасти гадоӣ дароз карда, ёрдам металабад!

Аммо Сайид Алӣ Хоманаӣ ҳаргиз иҷоза намедиҳад, ки сарқонуни ҶИЭ нақз шавад ва ба золимону душманони дин аз Эрон ёрдам расад. Зиҳӣ хиёли ботил! Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти Тоҷикистон ки ҳатто ба андозаи магасе назди раҳбари Эрон Хоманаӣ қадр надоранд, ҳаргиз ба хостаи худ намерасанд. Бигузор, чанд сабоҳе бо дурӯғи худ мардумро фиреб диҳанд, аммо замон аст, ки дурӯғи Э.Раҳмонро амалан ба мардум дубора нишон хоҳад дод ва ӯро расвотару беобрӯтар аз пеш хоҳад гардонд!

general.images