Нигоҳе ба мусоҳибаи Баротзода бо Озодӣ: Ҳар айбе ки ҳаст дар мусулмонии мост!

Рӯзи 29−уми марти соли 2016 Файзулло Баротзода, исмломшинос ва раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо Радио Озодӣ мусоҳибае анҷом додааст, ки ҳаркасе ки ба умқи он пай бибарад дилаш ба дард меояд ва исломҳаросиро дар ҷой ҷойи суханҳои ӯ мебинад, ки дар ростои “сиёсати сломситезӣ ва зиддидинӣ”−и пешгирифтаи давлати Тоҷикистон аст. Гарчӣ инҷониб “ДИИШ”−ро аз бех қабул надорам, аммо айб дар мусулмонии мусулмонон аст, на Ислом. Чаро Исломи азизро айбдор кунем?? Ва чаро дили ҷавонону деҳотиёну мардуми худро бо суханҳои ғалат биранҷонем?

Нигоҳе ба мусоҳибаи Баротзода бо Озодӣ: Ҳар айбе ки ҳаст дар мусулмонии мост!

Рӯзи 29−уми марти соли 2016 Файзулло Баротзода, исмломшинос ва раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон бо Радио Озодӣ мусоҳибае анҷом додааст, ки ҳаркасе ки ба умқи он пай бибарад дилаш ба дард меояд ва исломҳаросиро дар ҷой ҷойи суханҳои ӯ мебинад, ки дар ростои “сиёсати сломситезӣ ва зиддидинӣ”−и пешгирифтаи давлати Тоҷикистон аст. Гарчӣ инҷониб “ДИИШ”−ро аз бех қабул надорам, аммо айб дар мусулмонии мусулмонон аст, на Ислом. Чаро Исломи азизро айбдор кунем?? Ва чаро дили ҷавонону деҳотиёну мардуми худро бо суханҳои ғалат биранҷонем?

Дар ин мусоҳиба чанд нуктаеро дидаам, ки ҳам ба Исломи азиз ва ҳам ба миллати шарифи тоҷику тоҷикистонӣ тавҳинҳое шудааст, ки гарчӣ камубеш дар муносибатҳои соҳибмансабон бо мардум мебинем, аммо аз ҷойгоҳи исломшинос ва қонун гап задан, мавзеъи бисёр ғалат аст, ки бояд аз мардуми азиз бахшиш пурсад ва гапашро пас гирифта ислоҳ кунад.

Қисмате аз суханҳои Файзуллоҳ Баротзода:

1.       Идеяи Ислом, идеяи мутаҷовизона;

“Аслан ҳанӯз аз оғози футӯҳоти исломӣ андешаи сипоҳи муздурон ё зархаридон... Дар он вақт ба Ҷабал-ул-Ториқ ва тарафдоронаш ваъда карданд, ки агар шумо бо идеяи “””Ислом””” аз ин гулӯгоҳ убур кунед..... Ҳамин идея дар асрҳои минбаъда, хусусан дар ибтидои асри 20, ҳангоми аз байн бурдани империяи туркони усмонӣ, дар поёни асри 20 ҳангоми аз байн бурдани империяи Шӯравӣ аз тариқи сиёсикунонии Ислом дар Афғонистон ва имрӯз дар Сурияву Ироқ, аз назари мо, аз нав эҳё шуда истодааст”” (Озодӣ).

Ин фарозе аз суханҳои “исломшиноси Тоҷикистон Файзулло Баротзода” аст, ки бибинед, Исломи азизро як идеяе медонад, ки маншаъи фитна ва сабаби таҷовуз ба дигар кишварҳо аст. Ва имрӯз ин идея, ки сабаби аз байн рафтани Шӯравӣ  ва дигар империяҳо шудааст, аз нав эҳё шудааст. Баротзада намояндаи давлат аст ва суханони ӯ яъне суханони давлат. Ба ҳамин хотир аст, ки мебинем, соҳибмансабони Тоҷикистон бо тамоми тавон зидди Ислом меҷанганд ва Исломро экстримистӣ медонанд.

2.       Ҷавонони кӯҳистонӣ ва деҳотӣ ва бесавод

“Ба назари мо, қишри асосии осебпазир дар ҷомиаи кунунии Тоҷикистон ин ҷавонони бесавод ва то андозае моил ба фитнаву ҷангҷӯиҳо ҳастанд, ки бештар аз муҳити деҳотӣ ва кӯҳистонӣ вориди шаҳрҳои бузург ва муносибатҳои нави иҷтимоию меҳнатӣ мешаванд” (Озодӣ).

Ин қисмате аз фарозе аст, ки Баротзода онро дар ҷавоб ба саволи Озодӣ ки пурсид: кадом қишре аз ҷомеа дар баробари таблиғоти “ДИ” осебпазиранд, ҷавоб додааст. Ҳамон тавр ки аз маълум аст, ӯ ҷавонони кӯҳистонӣ ва деҳотиро ба хотири сода будану бесавод буданашон, зуд фиреби мубаллиғонро хӯрда ба “ДИ” мепайванданд. Диққат шавад.

 Ӯ ҷавонони моро деҳотӣ, кӯҳистонӣ, бесавод ва содалавҳ медонад. Ёдовар мешавем, ки ин вазифаи давлат аст дар ҳамаи ҷои кишвар аъам аз кӯҳистону деҳоту қишлоқ мактабу муаллимро ба маоши хуб таъмин кунад то ҷавонон бесавод намонанд, ва сабаби бесаводии ҷавонони мо худи давлат аст, ки аз ӯҳдаи масъулияташ набаромадааст. Дар сонӣ, Тоҷикистон 93 % кӯҳӣ аст. Пас тақрибан ҳамаи мардум кӯҳистонием. Баротзода чаро кӯҳистонӣ ва деҳотӣ гуфта ҷавонони моро паст мезанад? Дар солис, магар Гулмурод Ҳалим ва дигарон ки ОМОН буданд, бесаводу содалавҳ буданд, ки ба ДИИШ пайвастанд?

Ба назари нигоранда Файзулло Баротзода, ба Исломи азиз ва мардуми шарифи тоҷик тавҳин кардааст, ки бояд узрхоҳӣ кунад ва гуфтаҳояшро ислоҳ кунад. Суханони ӯ фитнае ҳастанд, аз забони намояндаи давлати Тоҷикистон мебарояд. Аз ҳамин сабаб давлати Тоҷикистон ҷавонони худро аблаҳу содалавҳу бесаводу бефарҳанг медонад, ки ба мухолифон мепайванданд.

 

Роҳи ҳал барои ҷилавгирӣ аз фоҷеа

Давлати Тоҷикистон бо инхел суханҳо фитна бапо карданӣ аст, ки сабаби нобудии кишвар мешавад. Аз ҳамин сабаб бояд чораандешӣ намуда, аз фоҷеа ҷилавгирӣ кунад. Ин роҳи ҳалҳо ба назари нигоранда иборатанд аз:

1.       Узрхоҳӣ ва бахшишпурсӣ Баротзода аз миллат ва ҷавонон ба хотири тавҳинаш ба ҷавонон.

2.       Аз байн бурдани миллатчигӣ ва маҳаллачигӣ, ки сабаби парокандагии миллат мешавад.

3.       Шоистасолорӣ ва қонунмадорӣ; яъне қонун ва шоистагон вазифадор шаванд, на ҷияну келину духтару писару хешу табор.

4.       Баргузории интихоботи шаффоф ва бароварда кардани умеди миллат.

5.       Аз байн бардоштани муомилаи коррупционӣ.

6.       Мубориза бо беадолатии милиса, прокурор, суд ва дигар мақомот.

general.images