Нигоҳе ба истидлоли Усмоналӣ Нуров оид ба раво бӯдани рӯзахӯрӣ!

Фатвоҳое ки Шӯрои ба истилоҳ уламо медиҳад баъзан фатвоҳое ҳастанд, ки баргирифта аз суханони Э.Раҳмонанд ва комилан мухолифи Қуръон ва суннати Набавӣ (с) ҳастанд.

Фатвоҳое ки Шӯрои ба истилоҳ уламо медиҳад баъзан фатвоҳое ҳастанд, ки баргирифта аз суханони Э.Раҳмонанд ва комилан мухолифи Қуръон ва суннати Набавӣ (с) ҳастанд. Фатвои рӯзахӯрӣ яке аз фатвоҳое аст, ки Шӯрои ба истилоҳ уламо онро содир кард. Ин фатво баргирифта аз суханони пеш аз рамазонии Э.Раҳмон аст, ки ба раво будани рӯзахӯрӣ ба беш аз 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон изъон кард. Ӯ дар ин суханронияш гуфт, ки ба 60 дар сад аз аҳолии Тоҷикистон хӯрдани рӯза ҷоиз аст.Билофосила баъд аз чанд рӯз аз суханронии Э.Раҳмон Шӯрои уламои Тоҷикистон фатвое мабнӣ бар ҷавози рӯзахӯрӣ дод. Усмоналӣ Нуров, муовини раиси Шӯрои уламо барои ҷавози рӯзахӯрӣ фатвоеро содир кард, ки бар он истидлол овардааст. Ва истидлолаш чунон беасос аст, ки ҳатто агар ба Э.Раҳмони бедин арза шавад, ӯ низ ин истидлолро намепазирад.Усмоналӣ Нуров, муовини раиси Шӯрои уламо рӯзаи фарзии Рамазонро бар коргарон Роғун макрӯҳ медонад ва мегӯяд: агар коргарони Роғун рӯза бигиранд ҳам “икроҳ” мешавад. Ӯ поро аз ин фаротар гузошта мегӯяд, дар ҷое ки кор мекунед ва аз онҷо маблағ мегиред, дар ҷавоби он маблағ бояд кор, хизмат ва меҳнат кунед, то маблағро ба шумо бидиҳанд.  Ӯ мегӯяд агар рӯза бигеред, мутобиқи маблағе ки медиҳанд кор карда наметавонед ва ин кор дар шариат дуруст нест. “Икроҳаш ҳамин аст, ки шумо дар якҷо кор мекунед ва аз онҷо маблағ мегиред. Шумо дар ҷавоби он маблағ бояд кор, хизмат ва меҳнат кунед, ки маблағро ба шумо бидиҳанд. Агар рӯза бигиред, мутобиқи маблағе, ки медиҳанд, кор карда наметавонед ва ин дар шариат дуруст нест” – гуфт, Усмоналӣ Нуров.Аз Усмоналӣ Нуров агар пурсем, бар фарз соҳибкори мо ки ба мо дар муқобили кор пул медиҳад, бигӯяд ҳақ надоред рӯза бигиред, рӯза гирифтани мо оё дар шариат дуруст нест? Яъне фармони соҳибкор аз фармони шариат болотар аст ва шариат бояд тибқи фармони соҳибкор ба рӯзаю намоз дастур диҳад?Ҳақиқатан ин истидлоле ки Усмоналӣ Нуров барои рӯзахӯрӣ овардааст – “Агар рӯза бигиред, мутобиқи маблағе, ки медиҳанд, кор карда наметавонед ва ин дар шариат дуруст нест”  - на дар шариат аст ва на дар ақлу виҷдон ва ҳатто Э.Раҳмони бедин низ ин истидлолро агар шунавад, яқинан аз ханда мекафад!Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Рӯҳонии тоҷик гуфт, агар коргарони Роғун рӯза бигиранд ҳам “икроҳ” мешавад. “Икроҳаш ҳамин аст, ки шумо дар якҷо кор мекунед ва аз онҷо маблағ мегиред. Шумо дар ҷавоби он маблағ бояд кор, хизмат ва меҳнат кунед, ки маблағро ба шумо бидиҳанд. Агар рӯза бигиред, мутобиқи маблағе, ки медиҳанд, кор карда наметавонед ва ин дар шариат дуруст нест” – гуфт, Усмоналӣ Нуров.Манбаъ: Озодӣhttps://www.ozodi.org/a/tajik-clerics-rogun-hydropowerplant/29240372.htmlСиддиқи Акбар

general.images