Нигаронии хабарнигорони Тоҷикистон аз қонуни ҷиноӣ “таҳқири Пешвои миллат”

Хабарнигорони Тоҷикистон аз илова шудани банди ҷадид ба қонуни ҷиноӣ таҳти унвони “таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат” иброз нигаронӣ кардаанд ва онро мухолифи озодии баён медонанд

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Восток-Нюз, ба нақл аз сойти  ’’Тоҷню’’, Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба Кодекси ҷиноӣ ворид шудани банди “таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат” ва таъйини ҷазоро барои он эҷоди маҳдудият дар самти озодии баёни кишвар хондаанд.Банди нави Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои таҳқиру туҳмат ба Пешвои миллат, бахусус тавассути матбуот ё шабакаи интернет то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд, масъала на танҳо дар баҳсбарангез будани таъйини муҷозот барои таҳқир, балки инчунин дар мушаххас набудани мафҳуми таҳқиру туҳмат аст. Ба назари Қаршибоев, ин банди Кодекси ҷиноӣ ба фаъолияти хабарнигорон ва расонаҳои иттилоотиро латма мезанад.Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон,  моҷарои ахири нашрияи мустақили “Нигоҳ”-ро барои  мисол баён намудааст, ки ин нашрия  барои изофа шудани як ҳарфи иштибоҳӣ дар калимаи “президент”, дучори мушкил шуд ва аз чоп монд.Хабарнигорони ва фаъолони расонаӣ тоҷик нигарон гаштаанд, ки фоҷеаи нашрия  “Нигоҳ” ба сари ҳамаи расонаҳои мустақил ва дигарандеши кишвар хоҳад омад ва озодии баён дар Тоҷикистон, ки бисёр маҳдуд аст, бадтар хоҳад шуд.

 

general.images