Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар суқут ва решакании варзиши Тоҷикистон

Нақши пешвои куфру гумроҳӣ дар суқут ва решакании варзиши Тоҷикистон

Рӯзи 23 июн рӯзи байналмилалии олимпӣ аст. Мо ба муносибати ин рӯз, нақши Эмомалӣ Раҳмон, пешвои куфру гумроҳӣ ва пешвои нобудгарро дар варзиш баррасӣ карда, ба хонандагон тақдим медорем ва қазовати онро ба ӯҳдаи софдилону поквиҷдонон муҳаввал менамоем.

Эмомалӣ Раҳмон 27 сари сол аст, ки сояи аҳриманӣ ва сангини худро бар сари аҳолии Тоҷикистон паҳн карда, монанди алафи ҳарза бар он реша давонда аст. 27 сари сол аст, ки мардум ба азоби фақру камбағалию қашшоқию беобрӯгию хорӣ гирифтор шуда, орзӯи халосӣ аз сояи сангин, сиёҳ ва наҳси пешвои куфру гумроҳӣ ва нобудгарро доранд.

Дар муддати 27 сол, Эмомалӣ Раҳмон ягон зарра ба варзиш аҳамият надодааст, ки ин амр сабаб шуда, варзиши Тоҷикистон ки замоне дар Шӯравӣ соҳиби овоза буданд, ба таври куллӣ нобуд шавад ва Тоҷикистон дигар на паҳлавоне дошт ва на қаҳрамоне!

Дар муқобил кишварҳои ҳамсоя монанди Узбакистон дар арсаи варзиш саҳм гузошта, ба чунон пешрафте ноил шудаанд, ки ҳамвора дар мусобиқоти осиёӣ, ҷаҳонӣ ва олимпӣ қаҳрамонони соҳибномеро ба ҷаҳон тақдим карда, обрӯю иззати кишвари худро бардоштаанд. Тоҷикистон бо Эмомалӣ Раҳмони шикампарвари бехосият ҳамвора шикаст хӯрда аз саҳнаи варзиш канор рафтааст.

Чаро варзиши Тоҷикистон нобуд шуд?

Бо вуҷуди инки дар Тоҷикистон инсонҳое ки таланти қаҳрамон шудан ва касби шуҳратҳои ҷаҳониро доранд зиёд аст, вале то ба ҳол натавонистаанд тавоноиҳои худро нишон диҳанд ва қаҳрамонӣ ба даст оранд. Сабаб ин аст, ки ин шахсҳо бояд ҳимоят шаванд то варзиш карда, пешрафт кунанд ва сипас ба мусобиқот фиристода шаванд.

Аммо дар Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ҳатто ҳазор доллар надорад, ки билет харад ва варзишгаронро ба мусобиқот фиристад. Чандин бор шудааст, ки раисони варзиш гуфтаанд, пул надоштем билет харем ва варзишгарро ба мусобиқа сафарбар кунем. Ва ин дар ҳоле аст, ки Э.Раҳмон шашсад ҳазор доллар ба маъшуқааш дода хона харидааст!

Яъне Эмомалӣ Раҳмон барои кайфу сафо кардан пул дорад, аммо барои як варзишгарро дар ҳазор доллар билет харида ба мусобиқот сафарбар кунад, надорад! Бечораҳак бепулу камбағалу гадост!

Варзишгарони дигар кишварҳо, ки қаҳрамонӣ ба даст меоранд, соҳиби обрӯ шуда, аз тарафи давлат ҳимоят мешаванд ва вазифаашон фақат ин аст ки қаҳрамон тарбият кунад, масалан Русияро метавон шоҳиди мисол овард. Аммо дар Тоҷикистон, варзишгаре ки қаҳрамон мешавад, ҳатто билетро худаш харида ба мусобиқот меравад ва давлат ҳатто як танга ҳам ба ӯ ёрдам намекунад ва ҳатто аз ҷоизае ки ба даст оварда, налог меситонад!

Расул Боқиев касе аст, ки дар мусобиқоти мухталифе монанди осиёӣ, ҷаҳонӣ ва олимпӣ медал ба даст овардааст, аммо на танҳо аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ҳимоят нашуд, балки аз бепулӣ дар Русия рафта таксӣ кор мекунад.

Аммо ҳамин Узбакистон, аз варзишгарони русӣ истифода бурда, ҳимоят карда, номашро дар варзишҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ мондагор кард, масалан Артур Таймазов, гуштингире аст, ки дар варизиши ҷаҳонӣ ва олимӣ ба нобиға маъруф аст. Се бор қаҳрамонии пайопайи олимпиро ба даст овардааст. Имрӯза аз ӯ дар ҷаҳон ба унвони Узбакистон ном мебаранд. Аммо Эмомалӣ Раҳмон бошад, варзишгарони номовари кишварро дар камбағалию бепулӣ ғӯтавар мегардонад то шикаста шуда, истеъдодаш нобуд шавад! Ин аст фарқи Эмомалӣ Раҳмон бо дигар президентҳо!

Оё дар қаҳрамонии Дилшод Назаров ва монанди он Эмомалӣ Раҳмон саҳм дорад?

Ногуфта намонад бо вуҷуди инки Эмомалӣ Раҳмони айёши авбоши майнӯши танпарвар ҳатто ҳазор доллар надорад варзишгари тоҷикистониро ба мусобиқот сафарбар кунад, чанд нафар аст, ки дар варзиши Тоҷикистон қаҳрамониҳое ба даст оварданд. Суол ин аст, ки оё дар ин қаҳрамониҳо Эмомалӣ Раҳмон саҳм дорад, ки ҳукумати Тоҷикистон гӯши фалакро кар карда, қаҳрамониро натиҷаи ёрдами Эмомалӣ Раҳмон медонад?

Ҷавобаш бисёр равшан аст ва он инки Эмомалӣ Раҳмон дар онҳо тамоман саҳм надорад, балки худашон бо талоши худашон ва билетхарии худашон ба қаҳрамонӣ расидаанд. Шоиста аст, ки аз онҳо тамҷид шавад ва варзишгоҳҳое ба номи онҳо сохта шавад то ҷавононро тарбият карда қаҳрамон созанд. Салому дуруд ба Дилшод Назаров, Беҳруз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Расул Боқиев, Мавзуна Ҷориева, Юсуф Абдусаломов ва...

Аммо ба таври тафсил метавон гуфт, ки Эмомалӣ на танҳо саҳм дорад балки нобудгар аст, бо далоили зер;

Аввалан, Эмомалӣ Раҳмоне ки ҳазор доллар надорад то билет харида варзишгаронро ба мусобиқот сафарбар кунад, чӣ тавр метавонад дар қаҳрамонии қаҳрамонони Тоҷикистон саҳм дошта бошад?

Дувуман, чаро касоне ки ба қаҳрамонӣ расидаанд монанди Расул Боқиев, Мавзуна Ҷориева, Комроншоҳ Устопириён ва... ҳимоят намешаванд ва ба онҳо пули калон дода намешавад, то хонаю мошин харанд ва мураббии варзиш шуда, қаҳрамонҳои зиёд тарбият кунанд?

Севвуман, чаро Расул Боқиев ба хотири бепулӣ ба Русия сафар карда, таксӣ кор кунад, дар ҳолеки ӯ қаҳрамони номдор аст, ки номи Тоҷикистонро бо пирузиҳояш дар ҷаҳон бардошта аст. Оё ин аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон номардӣ нест, ки ин қаҳрамононро чунин хору залил карда, ба муҳоҷири меҳнатӣ табдил додааст?!

Чаҳоруман, чаро дар доварӣ ҳамеша нодоварӣ аст? Вақте Комроншоҳ Устопириён дар мусобиқае пирӯз шуд, довар ӯро рақиби ӯро ки аз наздикони яке аз соҳибмансабон буд, баранда эълом кард ва ба баҳоани дашномдиҳӣ, Устопириёнро ба муддати ду сол аз мусобиқоти Тоҷикистон маҳрум кард? Оё ин номардӣ нест?

Ин корҳое ки Эмомалӣ Раҳмон ва пайравонаш анҷом медиҳанд, сабаб мешавад варзиш ва варзишгари Тоҷикистон нобуд шавад. Ба ҳамин хотир нақши Эмомалӣ Раҳмон дар варизшро метавон нобудгар номид; чароки ғайр аз нобудгарӣ кори дигаре анҷом надода ва дар муддати 27 соли президентиаш Тоҷикистон ҳамеша дар варизш аз охир ҷойи якумро гирифтааст!

Сиддиқи Акбар

general.images