Нақши омӯзгорон, мудирон ва муаллимони мактабҳо дар Тоҷикистон

Муаллимону омӯзгорон, ки вазифаи тарбияти наслҳоро бар ӯҳда доранд, бо дастури вазири маориф хона ба хона гашта, бо шармсорию хиҷолатзадагӣ аз волидайни хонандагон барои вазири маориф пул ҷамъ мекунанд.

Мақомоти Тоҷикистон умуми мардумро ба дидаи ҳақорат нигариста, ҳамаи онҳоро зердасти худ ва ба таъбире ғуломи худ медонанд. Ба ҳамин хотир дар ҳамаи корҳо ба хусус корҳое ки дар он хатаре таҳдид кунад, худашон тамоман пешдаро намешаванд ва зердастони худро ҷилав меандозанд. Масалан писари ҳеҷ мансабдоре хизмати аскарӣ намекунад ва дар ҷое ки ватанро хатар таҳдид мекунад писари ҳеҷ мансабдоре дар он ҳузур намеёбад ва ҳамеша камбағалон ҳастанд, ки аз ватану миллату кишвар дифоъ мекунанд, аммо мансабдорон ва хешутаборонашон ҳамеша дар амну амон буда, кайфу сафо мекунанд. Сарбозонро сӯиистифода бурда, ба хонаи худ ҳамчун коргару хизматчӣ мебаранд, дар ҳоле ки ҳақ надоранд аз мансаби худ сӯиистифода кунанд, аммо дар кишваре ки қонунаш фақат барои камбағалҳо бошад, ҳамин тавр беқонуниву бадбахтӣ саросари онро фаро мегирад.Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон низ аз ин одати мақомоти Тоҷикистон мустасно набуда, зердастони худ; яъне раҳбарият ва омӯзгорони мактабҳоро ба талбандагӣ маҷбур карда, барои ҷайби худ аз онҳо кори ғуломона мекашанд ва маҷбурашон мекунанд, ки барои вазиру президенту раис, пул ҷамъ кунанд. Ба ҳамин хотир нақши раҳбарият ва омӯзгорони мактабҳо дар Тоҷикистон ҳамчун як пулчинак ва пулҷамъкунак асту халос. Муаллимону омӯзгорон, ки вазифаи тарбияти наслҳоро бар ӯҳда доранд, бо дастури вазири маориф хона ба хона гашта, бо шармсорию хиҷолатзадагӣ аз волидайни хонандагон барои вазири маориф (Нуриддин Саидов) гадогӣ карда, пул ҷамъ мекунанд. Ин аст, ки миллати тоҷик бесаводтарин, қашоқтарин, камбағалтарин ва беарзиштарин миллат дар ҷаҳон шудааст.Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, як омӯзгор аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) бидуни зикри номаш гуфт, ҷалби омӯзгорон ба чунин маърака онҳоро аз вазифаи асосиашон, яъне таълими насли наврас дур кардааст. Ба гуфтаи ин омӯзгор, аз аввали соли таҳсил кори омӯзгор танҳо ҷамъ кардани пул аст. "Пули либос, пули обуна, пули таъмири мактаб, пули узвия ба Ҳизби халқӣ-демокартӣ ва даҳ намуди дигарро омӯзгор ҷамъ мекунад. Мо як пулҷамъкунак ё мисли чекчинаки бозор шудаем”, - афзуд ӯ. (Озодӣ)То вақте ки миллати тоҷик соҳибони босаводу дилсӯз надошта бошад, ва савод дар ҷомеа беаҳамият бошад, ҳамчунин хору камбағалу қашоқу беҳувияту беарзиш хоҳанд монд.Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images