Нашри маҷаллае дар бораи зиндониёни сиёсии тоҷик

Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ ба муносибати Рӯзи маҳбусони сиёсӣ маҷаллае зери унвони “Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ” ба нашр расониданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Паём, Кумитаи шаҳрвандии дифоъ аз зиндониён ва асирони сиёсӣ ба муносибати Рӯзи маҳбусони сиёсӣ маҷаллае зери унвони “Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ” ба нашр расониданд.Китоб аз 6 қисм иборат аст. Қисмати аввал дар бораи зиндониёни сиёсӣ ҳикоя мекунад. Дар ин бахш асмои ҳудуди 200 нафар оварда шудааст, ки ба солҳои зиёди зиндон маҳкум шудаанд.Дар бахши дуввум рӯйхати сиёсатмадорони пурнуфузе оварда шудааст, ки дар ҳолатҳои то ҳол ифшонашуда кушта шудаанд.Бахши саввум номҳои фаъолони сиёсиеро фаро гирифтааст аз Русия рабуда шуда, ба Тоҷикистон оварда шудаанд. Дар ин рӯйхат Эҳсон Одинаев истисноист — ӯ бе ному нишон гардидааст.Қисмати чаҳорум ба онҳое бахшида шудааст, ки соли 2012 ҳангоми амалиёти махсус дар Хоруғ кушта шудаанд.Дар бахшҳои панҷуму шашум номҳои онҳое, ки алайҳашон шиканҷаи ҷисмонӣ истифода гардидааст, гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин асмои онҳое, ки бидуни ҳеҷ далеле ба терроризму ифротгароӣ муттаҳам шудаанд.Гуфтанист, ки 16 сентябр рӯзи зиндониёни сиёсӣ эълон шудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз раҳбарони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошт шуда буданд.Фаъолони сиёсӣ ҳафтаи охир байни меҳмонони нишасти САҲА охир брошюр ва шиорҳое бо талаби озодкунии зиндониёни сиёсӣ паҳн мекунанд. Шиори онҳо #FreeTajikPoliticalPrisoners (озодӣ ба зиндониёни сиёсӣ) аст.Ин хештег ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад.

general.images