Натиҷаи ҳаҷҷи раиси ҷумҳур: Баста шудани дари 16 масҷид бар рӯи намозгузорон

Тибқи гузориши сомонаи Рayom.net, баъди анҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саъудӣ ба дари 16 масҷид дар ноҳияи Ваҳдат қуфл зада ва садои азон дар масҷиди машҳури бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ манъ гардидааст.

Тибқи гузориши сомонаи Рayom.net, баъди анҷоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саъудӣ ба дари 16 масҷид дар ноҳияи Ваҳдат қуфл зада ва садои азон дар масҷиди машҳури бародарон Тӯраҷонзодаҳо низ манъ гардидааст.

Дар зимни ин хабар, сомонаи менависад, “дар деҳаи Поёноби ҷамоати Ромити ин ноҳия, ки мардум бо вуҷуди баста будани дари масҷид дар он пинҳонӣ намоз мехондаанд, нозири минтақавӣ ҳар кадом аз намозгузоронро ба маблағи 30 сомонӣ “ҷарима” кардааст. Бо назардошти ин ки чунин ҷаримае дар қонуни кишвар пешбинӣ нашудааст, маблағи он эҳтимолан ба кисаи худи нозир рафта бошад”.

Ин гуна хабарҳои марбут ба таътилии масоҷид, дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сафараш ба Арабистони Саудӣ, ҳаҷҷи умра анҷом дод ва ба қавли дафтари матбуоташ, “бо инояту меҳрубонии Парвардигори олам ва бо таваҷҷӯҳи хоссу эҳтироми баланди ходими Ҳарамайни Шарифайн, Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ба дохили Хонаи Кабъа бори дуюм ворид шавад ва ду ракъат намоз гузорад”.

Бо нашри хабарҳо ва пахши наворе, ки раиси ҷумҳурро дар либоси эҳром ва ҳамсару духтаронаш ва ҳайати ҳамроҳи вайро дар анҷоми ҳаҷҷи умра нишон медод, мардуми мусалмони ҷумҳурӣ бар ин умед буданд, ки пас аз ин зиёрат ва ҳаҷҷи Хонаи Худо, сиёсати зиддиисломии ҳукумат табдил ба нармиш хоҳад гашт, аммо мутаассифона ин матлаб баръакси интизори мардум буда ва баста шудани масоҷид, умеди мардумро ба ноумедӣ бадал намудааст.

(Таҳияи Малика Назарзода)

general.images