Натиҷаи хидмат ба Э.Раҳмон, боздошти 10 нафар аз писарамакҳои С.Абдулқодирзода!

Натиҷаи хидмат ба Э.Раҳмон, боздошти 10 нафар аз писарамакҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода!

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо (ба қавли Эшони Нуриддинҷон шӯрои ҷуҳало) худ як салафие аст, ки дар Покистон таҳсил намуда, ва дар ҳамонҷо мазҳаби салафияро қабул кардааст.

Бародарзодаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, Муҳтадӣ Абдулқодирзода дар Яман дарс хонда, натанҳо салафӣ шуд, балки раиси фирқаи салафия низ гашт ва дар суханроние, ки алайҳи Эшони Нуриддинҷон карда сарусадои зиёдеро бапо кард, Эшонро ба шиагарӣ муттаҳам карда буд, мавриди лаъни Эшони Нуриддинҷон қарор гирифт.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷурми салафигарӣ ва раиси салафия, Муҳтадиро муҷрим донист, ки дар пайи он Муҳтадӣ Абдулқодирзода аз Тоҷикистон фирор карда, ба кишварҳои арабӣ паноҳ бурда буд.

Фишори ҳукумати Тоҷикистон ба Саидмукаррам Абдулқодирзода ва бо пуштибонии мавсуф аз ӯ бо ваъдаи боздошт нашудан дар сурати баргашт, ӯ ба Тоҷикистон омад, аммо боздошт шуд ва чанде дар боздоштгоҳ қарор дошт, аммо бо подармиёнии Саидмукаррам Абдулқодирзода озод шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба ошноии чандсола бо Саидмукаррами Абдулқодирзода ва баррасии амалкардҳояш дар ин чанд соли раёсаташ дар ба истилоҳ умури дин ва муфтиёт (шӯрои уламо) бардошт мешавад, ӯ шахсе аст, ки дин барояш муҳим нест ва фақат вазифаю мансаб барояш аҳамият дорад. Ба ҳамин хотир бисёре аз суханҳои зидди дини Эмомалӣ Раҳмонро монанди фатвои рӯзахӯрие ки чанд сол аст мебарорад, бастани масҷидҳо, сатрро ки либоси бегона муаррифӣ кард, аз лиҳози динӣ гӯё барояш фатво ёфт ва дурӯғҳо ва ҷангҳои Эмомалӣ Раҳмон алайҳи Худо ва Исломро ростисозӣ ва динисозӣ менамуд.

Аммо ғофил аз инки Худое ҳаст ва шоҳиди ҳамаи дурӯғросткуниҳои ӯст. Гарчӣ Саидмукаррам Абдулқодирзода ба Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои зиёде кард ва динро барои татбиқ бо суханони Эмомалӣ Раҳмон таҳриф намуд, аммо Э.Раҳмон ҳамон хирсеро мемонад, ки хидматгори худро бо санги калон зада мекушад!

Ҳудуди даҳ нафар аз писарамакҳои Саидмукаррам Абдулқодирзода ба ҷурми салафигарӣ ва ихвонӣ будан боздошт шудаанд ва вақте Озодӣ аз С.Абдулқодирзода мехост дар бораи онҳо шарҳ пурсад, мавсуф аз шармандагӣ худро ба касалӣ заду аз ҷавоб гурехт, вале ҳукми додгоҳро ноодилона хонд. Ин аст ҷазои касе ки ба Эмомалӣ Раҳмон хидмат карда, ба Ислом ва Худо хиёнат мекунад ва динро барои татбиқ бо суханони Э.Раҳмон таҳриф менамояд.

Ин тоза аввал аст. Мунтазир бош, то балоҳои баъдӣ бар сарат сарозер гардад С.Абдулқодирзода!

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ: Додгоҳи вилояти Хатлон Муҳаммадсаид Акрамов, сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ ва 13 пайванди ӯро ба узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Бародарони мусулмон" (Ихвон-ул-муслимин) гунаҳкор донист, аммо сархатибу се бародарашро шартан озод кард. Даҳ нафари дигар, аз ҷумла писару домод ва ҷиянҳои сархатиб, аз панҷ то ҳафтсолӣ ба зиндон маҳкум шуданд. Ҳукм рӯзи 8-уми июн содир гардид. Наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, онҳо иттиҳомро напазируфтанд.

Муҳаммадсаид Акрамов, сархатиби масҷиди ноҳияи Восеъ, писарамаки Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аст. Абдулқодирзода рӯзи 9-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, бемор аст ва наметавонад дар ин бора суҳбат кунад.

Сиддиқи Акбар

general.images