Насимҷон Шарипов, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия озод шуд

Намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия Насимҷон Шарипов, ки ҳамроҳ бо раҳбари ин гурӯҳ Сӯҳроби Зафар дар Истамбули Туркия боздошт шуда буд, озод шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақд аз сомонаи Паём, намояндаи “Гурӯҳи 24” дар Туркия Насимҷон Шарипов, ки ҳамроҳ бо раҳбари ин гурӯҳ Сӯҳроби Зафар дар Истамбули Туркия боздошт шуда буд, озод шуд.Насим Шарипов ва Сӯҳроби Зафар 19 марти соли ҷорӣ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар боздошт шуда буданд. Додгоҳи Туркия истирдоди онҳо ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард ва инак пас аз таҳқиқоти семоҳа Насим Шарипов озод шуд.Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар сомонаи расмиаш аз ин қарори мақомоти Туркия тамҷид карда, изҳори умед кардааст, ки ин кишвар раҳбари гурӯҳ Сӯҳроб Зафарро низ озод хоҳад кард.

general.images