Намояндаи парлумони Қирғизистон дар Қазоқистон боздошт шуд

ВКХ-и Қирғизистон аз боздошти намояндаи парлумони ин кишвар тавассути Кумитаи амнияти Қазоқистон хабар дод.

Ба гузориши Востокнюз, ВКХ-и Қирғизистон боздошти "Дамирбек Асылбек уулу", намояндаи парлумони ин кишвар ва узви ҳизби "Қирғизистон"-ро тавассути мақомоти ниҳодҳои амниятии Қазоқистон таъйид кард.Бар асоси гузориши ВКХ-и Қирғизистон, намояндаи парлумони ин кишвар дар қолаби амалиёти зидди фасод тавассути нерӯҳои амниятии Қазоқистон ҳамроҳ бо 3 шаҳрванди қирғиз боздошт шуд.Дар ҳоли ҳозир давлати Қирғизистон мунтазири тафсилоти ҳодиса аз тарафи давлати Қазоқистон аст.Ин дар ҳоле аст, ки дар санаи 15-16 феврали соли равон, нерӯҳои амниятии қазоқ, амалиёти густарда зидди манобеъи фасодкорро дар 3 вилояти ин кишвар оғоз кард, ки дар натиҷаи он 29 нафар аз ҷумла 4 шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуданд.Ҳамчунин дар феҳрести афроди боздоштшуда, мақомоти Созмони гумрук, ВКД-и Қазоқистон ва ҳамчунин муҷримҳои байналмилалӣ ба чашм мехуранд.

general.images