Намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Эрон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳҳои оянда дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Садои Хуросон, Намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар моҳҳои оянда дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Фирӯз Иброҳимӣ, дабири кулли хонаи санъат, маъдан ва тиҷорати Хуросони Разавӣ гуфт: Ба манзури тавсеаи тиҷорати хориҷӣ ва муаррифии тавоноиҳои санъатии Эрон се намоишгоҳи ихтисосии ҷумҳурии исломии Эрон дар кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Русия баргузор мешавад. Иброҳимӣ гуфт: Замони баргузории намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Узбакистон июл- август ва дар Тоҷикистон август-сентябр хоҳад буд.Вай афзуд: Дар сентябр-октябр низ ин намоишгоҳ дар Русия баргузор хоҳад шуд.

general.images