Наздикони 11 маҳбус шудаи Исфара ба Додгоҳи олӣ шикоят бурданд

Наздикони 11 сокини шаҳри Исфара аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то ҳукми онҳоро бознигарӣ кунад. Ин 11 нафар тобистони соли гузашта ба итиҳоми сохтагӣ узвият ва таблиғи ҲНИТ ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, Наздикони 11 сокини шаҳри Исфара аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостаанд, то ҳукми онҳоро бознигарӣ кунад. Ин дархости онҳо ду ҳафтаи қабл ирсол шудааст. 11 сокини шаҳри Исфара тобистони соли гузашта ба итиҳоми сохтагӣ узвият ва таблиғи Ҳизби наҳзати исломӣ аз 5 то 8 сол зиндонӣ гардидаанд.Аммо наздикони маҳкумшудаҳо мегӯянд, ҳамагӣ як нафари онҳо дар гузашта узви Ҳизби наҳзати исломӣ буда, баъд аз манъи фаъолияти ин ҳизб аз кораш даст кашидааст. Онҳо рӯзи 21 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, зоҳиран дар баррасии қазияи наздиконашон нофаҳмӣ рух додааст ва мехоҳанд, Додгоҳи олӣ қазияро рушан кунад. Дар гузашта додгоҳи вилояти Суғд ба дархости бознигарии ҳукми ин афрод ҷавоби рад додааст.

general.images