Назароти мухолифин дар бораи Шарофиддин Гадоев

Дар рӯзи гузашта (15.02.2019), суханони мухталифе дар бораи бозгашти ихтиёрӣ ё рабуда шудани гуфта шуд, ки Востокнюз ба онҳо ишора хоҳад кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон зимни баромадаш дар пахши мустақим, соате пеш пахш шуд, гуфт Шарофиддин Гадоев, раҳбари созмони Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон ва узви аршади Паймони миллӣ аз тарафи мақомоти амниятии Тоҷикистон рабуда шудааст.

Ӯ гуфт бинобар рабуда шудани Гадоев сӯҳбаташ дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ба вақти дигар мегузорад ва мавзӯъи сӯҳбаташ ҳамин қазияи Шарофиддин Гадоев хоҳад буд.

Кабирӣ гуфт “ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки Шарофиддин бо ихтиёри худаш баргаштааст, тамоми шавоҳид ва далелҳо далолат ба ин мекунанд, ки ӯ рабуда шудааст”.

Ӯ изҳор дошт бори аввал нест, ки амали ноҷавонмардонаи дуздии мухолифону фаъолони сиёсӣ аз тарафи мақомоти Тоҷикистон сар мезанад. Аз ҷума ӯ аз Эҳсон Одинаев, Мақсуд Иброҳимов ва кушта шудани Умаралӣ Қувватов ёд кард. Кабирӣ зимни баромадаш гуфт мутмаъин аст, ки соатҳои наздик ҳатман мақомот навореро нашр хоҳанд кард, ки дар он Шарофиддин Гадоев эълон мекунад бо ихтиёри худаш баргаштааст. Ва чанд дақиқа пас эълон кард ба ӯ хабар додаанд, мақомот аллакай навори “эътирофӣ”-и Гадоевро пахш намуданд.

Дар он навор раҳбари созмони Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, ки дар боғе қарор дорад, “эътироф” мекунад, ки ба ихтиёри худаш баргаштааст. Ӯ мегӯяд алайҳаш аз ҳеҷ шиканҷае кор гирифта нашудааст ва мақомот бо ӯ муносибати хубе доштаанд. Гадоев ҳамчунин гуфт дар Душанбе сайр карда, шоҳиди пешрафтҳои кишвар шудааст.

Стив Свердлов, раҳбари бахши осиёимиёнагии Хюман Райс Вотч ҳам изҳорот пахш намуд ва аз ҳукумати Ҳолланд, ки Шарофиддин дар онҷо паноҳанда буд даъват кард ба қазия дахолат кунад. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон ҳам хост барои Шарофиддин дастрасӣ ба вакили дифоъ ва дидор бо хонавоадашро фароҳам кунад.

Сайидюнуси Истаравшанӣ, аз аъзои АОТ ва мунтақиди сарсахти ҳукумат пас аз паҳн шудани баёнияи ПМТ дар бораи “рабуда” шудани Гадоев, бо таъкид бар рабуда шудани ин сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Раҳмон навишт: “ҳукумат фақат ва фақат дар терури мухолифони сиёсии худ, дар рабудани онҳо ва шиканҷа ва озору азият кардани онон муваффақ будааст. Аммо дар маҷоли касби дили мардум, дар маҷоли посухҳои мантиқӣ ва қонеъкунанда ба эродҳои мухолифон, дар маҷоли хидмат ба мардум ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо, ҳаргиз муваффақияте надоштааст; зеро дар ин маҷолҳо ин ҳукумат на танҳо оҷизу нотавон, ки асосан белиёқат аст, беъурза аст, аз дасташ ҳеч чиз намеояд. Аз дасти ин ҳукумат ҷуз қатлу куштор, одамрубоӣ, азияту озори мардум ва мухолифон, дуздидан ва ситондани моли мардум ва гадоӣ дар баробари кишварҳои бегона, дигар ҳеч чиз барнамеояд! Дар як сухан: ин ҳукумат роҳзану ғоратгару одамкушу одамрубо, ва албатта гадо аст!”

Вай ҳамчунин пас аз нашри видеои Шарофиддин Гадоев дар Душанбе навишт: “Шарофиддини арҷманд! Мо вазъияти туро дарк мекунем, ҳарчи аз ту хостанд, анҷом бидеҳ, муқовимат ҳам накун бародари азиз! Агар хостанд, ҳар рӯз барнома иҷро кун, то дар фазои маҷозӣ бигузоранд. Мо туро мешиносем; ту на “Меҳрубон” ҳастӣ, на “Файзуллоҷон” ва на он “Оятуллоҳ”, ту ҳамон Шарофиддине ҳастӣ, ки мешиносемат. Ҳар чи гуфтанд, бидуни муқовимат анҷом бидеҳ, то зарару зиёне бароят нарасонанд, аз дасти он бадсиголон ҳар коре бармеояд. Ҳатто агар ҳамаи моро саббу дашном додӣ ҳам, ҳеч эроде надорад дӯстам, муқовимат накун. Бароят дуо мекунем, бародари азиз, аз самими дил, роҳи мубориза ва пайкор ҳамин гуна фарозу нишебҳое дорад. Ту дар қалби мо ҷой дорӣ. Худованд ёрат!”

Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ҲНИТ, низ бо нашри як матлаб дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбук ба Меҳрубон Сатторов (мухолифи собиқ) гуфтааст: “агар шумо ба гуфтаҳоятон боварӣ доред равед аз назди Шарофиддин прямой эфир бароед. Кани бинем саҳар Шарофидин дар прямой эфир чихел баромад мекунад. Аз куҷо маълум пас аз сабти навор ӯро шиканҷа намекунанд? Аллакай баъзе хабарҳо дар бораи шиканҷаи ӯ аз дохил ба гуш мерасад. Як манбаъ дар ин бора ҳам навишт. Агар ҳукумат ӯро надуздида бошад ва ӯ бо хости худаш рафта бошад пас монед ӯ ба Аврупо баргардад. Монед биёяд то ҳама ба шумо бовар кунад, ки роҳзану одамдузд нестед. Агар маонед, ки ӯ ба Аврупо биёяд боз забонатон дарозтар ва метавонед дигарҳоро ҳам мутақоид кунед, ки баргарданд. Оё ҳукумат ин ҷасоратро дорад?”

Дертар Радиои Озодӣ бо нақл аз модари Шарофиддин Гадоев навишт, ки ӯ то ҳол писарашро надидааст ва Шарофиддин нияти баргаштан ба ватанро надошт. “Озодӣ” ҳамчунин иттилоъ дод рӯзноманигорон ва наздикони Шарофиддин дастрасие ба ӯ надоранд.

Паймони Миллии Тоҷикистон ҳам бо пахши изҳорот эълон кард мусалламан Шарофиддин Гадоев дуздида шудааст.

Субҳи рӯзи ҷумъа (15.02.2019) Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард Шарофиддин Гадоев ихтиёран бо хатсайри Маскав — Душанбе ба кишвар баргашта худашро ихтиёран ба шӯъбаи ВКД дар фурӯдгоҳ таслим кардааст.

Дар изҳороти ВКД омадааст “Имрӯз 15 феврали соли 2019, соати 07:00, Гадоев Шарофиддин Мирзоалиевич, 19.05.1985 соли таваллудаш, зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки муваққатан дар шаҳри Эиндховени Шоҳигарии Ҳоланд зиндагонӣ мекард, ба ШВКД Фурудгоҳи ш. Душанбе ихтиёран ҳозир шуда, изҳор намуд, ки ман аз кирдорҳои кардаам самимона пушаймонам, ихтиёран бо хатсайри Москва-Душанбе ба Ватан баргаштам.

general.images