Назарбаева: “Ҳукумати Қазоқистон мухолифате бо озодии расонаҳо надорад.”

Намояндаи сенаи Қазоқистон гуфт: “Расонаҳо дар ин кишвар ба сурати мустақил фаъолият мекунанд ва давлат мухолифате бо озодии расонаҳо надорад.”

Ба гузориши Востокнюз, Дарига Назарбаева намояндаи сенаи Қазоқистон ва раиси дафтари Нурсултан Назарбаев, президенти ин кишвар дар посух ба масоили марбут ба озодии расонаҳо изҳор дошт: “Дар кишвар мушкиле бо озодии расонаҳо вуҷуд надорад.”

Вай идома дод: “Расонаҳо пайваста ба интиқод аз ниҳодҳои давлатӣ мепардозанд ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ озод ҳастанд ва ҳар корбаре назароти худро ба роҳатӣ мунташир мекунад.”

Назарбаева бо ишора ба ин ки Қазоқистон дар рутбабандиҳои байналмилалӣ дар иртибот бо озодии расонаҳо дар рутбаҳои поин қарор дорад, тасреҳ кард: “Мо набояд ин рутбабандиҳоро бовар дошта бошем.”

Вай идома дод: “Натоиҷи чунин рутбабандиҳо бо таваҷҷӯҳ ба манофеъи шахсии нависандагони онҳо мунташир мешавад ва ман таваҷҷӯҳи чандоне ба ин рутбабандиҳо намекунам.”

Ин дар ҳоле аст, ки рутбабандии “Гузоришгарони бидуни марз” созмони ҳуқуқи инсон дар ҳавзаи озодии расонаҳо, Қазоқистонро дар рутбаи 154 дар байни 180 кишвари ҷаҳон қарор дод.

Бар асоси ин рутбабанди ҳукумати Қазоқистон фишори ҷиддӣ бар расонаҳо ворид карда ва назорати қобили таваҷҷӯҳе бар онҳо дорад.

general.images