Мӯсавӣ: “Эрон онқадар мефаҳмад, ки ҳатто агар хоҳад дар Тоҷикистон ҳизберо дастгирӣ кунад, он ҳизб бояд ҳизбе суннӣ ва ҳанафӣ бошад”

Сайидрасули Мӯсавӣ, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо Эрон Шарқӣ: “Сервисҳои амниятии Тоҷикистон бояд ончиро, ки дар Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна рух дода пурра ва бидуни пешдоварӣ мавриди мутолеъа қарор диҳанд ва иҷоза надиҳанд долларҳои нафтӣ суботи Тоҷикистон ва минтақаро аз байн бибарад.”

Сайидрасули Мӯсавӣ:Ба номи Роҳи Абрешами навин, ду тарҳи мутафовит вуҷуд дорад: тарҳи чинии Роҳи Абрешами навин ва тарҳи амрикоии он. Роҳбурди Амрико дар тарҳи Роҳи Абрешами навин бар Афғонистон тамаркуз дорад ва ИМА талош дорад то Афғонистонро дар як маҷмӯъа аз ҳамкориҳо ба Осиёи Марказӣ пайванд диҳад ва масиреро, ки барои роҳҳои иртиботӣ ва соири роҳҳо аз ҷумла роҳҳои интиқоли энержӣ пешниҳод мекунад, масири шимолӣ-ҷанубии Покистон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аст дар ҳоле, ки тарҳи чинии Роҳи Абрешами навин бар Осиёи Марказӣ тамаркуз дорад ва масири роҳҳо ва соири хатҳои иртиботии он масири шарқӣ-ғарбӣ мебошад ва талош дорад то Осиёи Марказиро дар тарҳҳои тавсеъаи Чин идғом кунад.Ҳадафи аслии тарҳи амрикоии Роҳи Абрешами навин, ки самараи марокизи мутолеотии умдаи ин кишвар аст, тақвият ва таҳкими нуфузи ИМА дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо тамаркуз бар Афғонистон барои Осиёи Марказӣ ва ҳузур дар дарёи Хазар барои Қафқоз аст. Ин тарҳ дар 10 соли аввал пас аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ дар бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз иҷро шуд ва ҷойгоҳи вижае барои ИМА дар ин кишварҳо ба вуҷуд овард. Ҳузур дар бахшҳои кашф, истеҳсол ва интиқоли нафту газ дар кишварҳои дорандаи захираҳои нафту газ ва ё кишварҳои дар масири интиқол аз тарҳҳои роҳбарии иҷрошуда дар ин кишварҳост. Бо каме диққат дар тарҳҳои амрикоии бахши энержӣ дар ин кишварҳо мутаваҷҷеҳи ин нукта ҳассос мешавем, ки талоши ширкатҳои нафтии амрикоӣ ва ё шарикони амрикоӣ бар он будааст, ки тарҳҳои иҷрошуда ба гунае бошанд, ки Русия ва Эрон дар хориҷ аз ин тарҳҳо қарор гиранд.Ҳузури ДИИШ дар ҳудуди ҷанубии кишварҳои Осиёи Марказӣ мӯҷиб шудааст, ки ин кишварҳо барои тазмини амнияти худ густариши ҳамкориҳои амниятӣ бо ИМА-ро ба унвони як гузинаи муҳим дар назар бигиранд. Гузинае, ки ин фурсатро барои ИМА фароҳам месозад, ки бештар аз гузашта дар сохторҳои амниятии ин кишварҳо нуфуз пайдо кунад. Нуктае, ки шоёни таваҷҷӯҳ аст, хадамоти махсуси кишварҳои мухталиф аз ҷумла Русия эътиқод доранд, ки нерӯҳои ДИИШ бо воситаи ҳавопаймоҳо ва чархболҳои ношинос аз ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар мунтақил шуда ва яроқ ва дигар ҳоҷатҳои онон дар минтақаҳои ҷойгирии онҳо таъмин мешавад.Ончи дар Тоҷикистон мегузарад, худ ҷои таъаммули фаровон дорад ва ниёзманди баҳси мустақилле аст. Муддате таблиғоти давлатии Тоҷикистон бар ин масъала таваҷҷӯҳ дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҲНИТ ҳимоят мекунад аммо вақтҳои охир баҳси наверо матраҳ мекунанд, ки Эрон дар пайи шиъа сохтани аъзоёни ҲНИТ аст, ки аз асос баҳсе инҳирофӣ ва иштибоҳ аст.Эрон онқадар мефаҳмад, ки ҳатто агар бихоҳад дар Тоҷикистон аз ҳизбе пуштибонӣ кунад, ин ҳизб бояд ҳизбе суннӣ ва ҳанафӣ бошад ва чанд нафар алоқаманд ба Аҳлибайти Паёмбари Акрам (с), наметавонанд ҳизб ва ташкилоти бонуфузе дар Тоҷикистон бошанд. Вале чаро чунин баҳсе матраҳ мешавад? Бояд гуфт, ки мутаъассифона хадамоти амниятии Тоҷикистон бидуни онки мутаваҷҷеҳ бошанд, худро дар масири хатарноки ҳамкорӣ бо созмонҳои амниятии ваҳҳобӣ ва салафӣ, ки боиси ҷангҳои хатарноки Ховари Миёна шуда, қарор додаанд. Хадамоти амниятии Тоҷикистон бояд ончиро, ки дар Сурия ва дигар кишварҳои Ховари Миёна рух додаро пурра ва бидуни пешдоварӣ мавриди мутолеъа қарор диҳанд ва иҷозат надиҳанд, ки долларҳои нафтӣ суботи Тоҷикистон ва минтақаро аз байн бибарад.Роҳбурди ИМА алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳосира дар байни ҳамсоягон аст ва зарурӣ аст бо ҷиддияти тамом роҳҳои муқобила бо ин роҳбурдро дар иртибот бо ҳамсоягони худ интихоб ва иҷро кунем. Дар ҳоли ҳозир, Амрико ба навъе ҳамсоягони ҷанубиро алайҳи Эрон ба саф кардааст ва боистӣ иҷоза надиҳем ин иттифоқ барои ҳамсоягони шимолӣ рух диҳад ба хусус агар бидонем, ки ҳазинаҳои пешбурди роҳбурди Роҳи Абрешами навини Амрикоро ҳамсоягони ҷанубӣ медиҳанд.ВостокнюзМанбаъ: Эрон Шарқӣ

general.images