МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИР КИСТ? ГУМОНАЗАНИҲО ДАР БОРАИ Ӯ!

Ба сомонаи Востокнюз иттилоъе дар бораи Муҳтадӣ Абдулқодиров - писари Абдуманнон, бародарзодаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода - ирсол шудааст, ки дар он аз салафӣ будан, шиа будан, маъмури амният будан ва ҷосуси Арабистон будани Муҳтадӣ Абдулқодиров сухан ба миён омада аст. Ба ҳамин хотир мо дар пайи онем, ки дар ин бора гумоназаниҳоеро, ки дар бораи Муҳтадӣ Абдулқодиров эҳтимол астро ба миён гузорем.

ГУМОНАЗАНИҲО ДАР БОРАИ МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИР; Ӯ ШИА АСТ Ё САЛАФӢ?!

Ба сомонаи Востокнюз иттилоъе дар бораи Муҳтадӣ Абдулқодиров - писари Абдуманнон, бародарзодаи раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ (собиқ муфтиёт)-и Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода - ирсол шудааст, ки дар он аз салафӣ будан, шиа будан, маъмури амният будан ва ҷосуси Арабистон будани Муҳтадӣ Абдулқодиров сухан ба миён омада аст. Ба ҳамин хотир мо дар пайи онем, ки дар ин бора гумоназаниҳоеро, ки дар бораи Муҳтадӣ Абдулқодиров эҳтимол аст ба миён гузорем.

Гумоназаниҳо дар бораи Муҳтадӣ Абдулқодиров:

1.МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИРОВ ДАР ШАҲРИ ҚУМ ДАРС ХОНДААСТ, ПАС ШИА АСТ;

Манбаъи Востокнюз мегӯяд Муҳтадӣ Абдулқодир тақрибан ду сол аз умри худро дар Қум дарс хондааст. Тибқи гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҳар касе, ки дар Қум дарс хонда бошад, ӯ аз мазҳаби ҳанафӣ рӯй гардонда, ба мазҳаби шиа рӯй овардааст. Мазҳаби шиа низ дар Тоҷикистон ҷурме аст нобахшуданӣ, ки худи Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии расмиаш Қиёмиддини Ғозиро айнан ба ҳамин ҷурм айбдор карда, паси панҷараҳои зиндон андохтааст. Акнун дар бораи Муҳатдӣ бояд дид, ки ӯ ҳақиқатан дар Қум дарс хондааст ва шиа шудааст ё на?

Агар шиа шуда бошад, пас, амми ӯ (Саидмукаррам Абдулқодирзода) низ шиа аст ва аз ӯ ҳимоят мекунад, то аз ин тариқ идеологияи шиизмро дар Тоҷикистон ҷой андозанд. Ва (ин бародарзода ва амак) суханҳое, ки гаҳгоҳ алайҳи шиизм ва шиаён мезананд, саҳнабозие беш нест. Аммо агар шиа нашуда бошад, пас чаро мақомот ин фарзияро дар зеҳни мардум ҷой мекунанд ва онро густариш медиҳанд?

Алабатта, ногуфта намонад, ки манбаъи Востокнюз ки бо Муҳтадӣ Абдулқодир ҳамдарс будааст мегӯяд, дар Қум мадрасаи суннигӣ буд ва идеологияи мазҳаби ҳанафӣ тадрис мешуд.

2.МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИР, ДАР ЯМАН, СИПАС ДАР АРАБИСТОН ДАРС ХОНДААСТ, ПАС САЛАФӢ АСТ;

Манбаъи Востокнюз мегӯяд Муҳтадӣ Абдулқодир тақрибан 4 сол дар Яман дарс хондааст ва сипас 4 сол дар Арабистон. Он тавр, ки мегӯянд ҳар касе дар Арабистон дарс хонад, ӯ ҳатман аз мазҳаби ҳанафӣ рӯй баргардонда, ба мазҳаби салафизм рӯй оварда, аз идеология ва афкори Ибни Таймия пайравӣ мекунад. Агар Муҳатдӣ Абдулқодир салафӣ бошад, амми ӯ (Саидмукаррам Абдулқодирзода) низ салафӣ аст; чароки ҳам дар Покистон зери назари Арабистони Саудӣ бо афкори салафизм дарс хондааст, ва ҳам инки дар бисёре аз маворид бо афкори мазҳаби ҳанафӣ (монанди манъи занон аз масҷид ва намози ҷамоат, ки Абӯҳанифа онро ҷоиз медонад, вале Саидмукаррам онро макрӯҳ эълом кард) мухолифат карда, дар татобуқ бо суханони Эмомалӣ Раҳмон аз ӯ пайравӣ кардааст.

3.МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИР, МАЪМУРИ АМНИЯТ АСТ, КИ БА ЭШОНИ НУРИДДИНҶОН ҲАМЛА КАРДА...

Муҳтадӣ Абдулқодир маъмури амният аст, ки ба эшони Нуриддинҷон бо туҳмати шиа будан ҳамла ҳарда, суханони норавое алайҳи ӯ иброз дошта аст, ки одатан маъмурони амниятӣ саъй мекарданд, обрӯи шахсоне чун Эшони Нуриддинҷонро бибаранд ва ӯро беобрӯ созанд;

Чанд сол пеш, Муҳтадӣ Абдулқодир алайҳи Эшони Нуриддинҷон суханронӣ кард ва Эшони Нуриддинҷонро ба шиагароӣ муттаҳам сохт. Дар лавҳи фушурдае, ки аз Муҳтадӣ пахш шуд, суханони бисёр сахифу пӯчу беарзише ба намоиш гузошта шуд, ки сатҳи саводи Муҳтадиро зери суол бурд. Бо дидани лавҳи фушурдаи мазкур ман фаҳмидам, ки Муҳтадӣ Абдулқодир бесаводе аст, ки ҷуз таассубу бадзабонию туҳмати бераво, сухане надорад. Албатта, Эшони Маҳмудҷон, иштибоҳоти Муҳтадӣ Абдулқодирро номбар мекунад ва бесаводии Муҳтадиро бо далоил ба исбот мерасонад.

Дар беобрӯ шудани Муҳтадӣ Абдулқодир ҳамин бас, ки падару амакҳою хешу табораш ба пеши Эшони Нуриддинҷон рафта, аз амалкарди фарзандашон бо шармсорӣ изҳори надомат карда, аз Эшони Нуриддинҷон узру бахшиш пурсиданд.

Чунин рафторе; яъне надоштани илми кофӣ ва ҳамла ба як шахсияти маъруфу барҷасати динӣ ва илмии Тоҷикистон бо ҳадафи беобрӯ сохтани ӯ ва тафриқаандозӣ, кори маъмурони амниятӣ аст, ки мехоҳанд мардумро аз минбариҳо ва воизон дур созанд, то аз панду насиҳат дур шуда, ба фисқу фаҳшо рӯ оранд ва пояи ҳукумати фосиду золимро тақвият созанд.

4.МУҲТАДӢ АБДУЛҚОДИР БО ДАСТУРИ МАҚОМОТИ АРАБИСТОН БА ТОҶИКИСТОН БАРГАШТААСТ, ТО...

Муҳтадӣ Абдулқодир бо дастури мақомот ва сервисҳои ҷосусии Арабистон ба Тоҷикистон баргаштааст, то шахси барҷастае гардад ва ба унвони раҳбари салафиҳои Тоҷикистон матраҳ шавад ва дар оянда бо ҳимояти Арабистон ба мансабҳои баланд расад ва идеологияи "САЛАФИЗМ" расман дар Тоҷикистон пазируфта шавад;

Муҳтадӣ Абдулқодир, дар авҷи амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон, ки аз кишварҳои исломӣ донишҷӯёнро бо зару зуру тазвир бармегардонданд, ба Тоҷикистон барнагашт. Яъне замоне ки ҳассосиятҳо боло буд ва ба ҳамаи хориҷтаҳсилкардагони мадориси динӣ фишор меоварданд, ки тақрибан 95 фоизи онҳоро ҳукумат баргардонд, Муҳтадӣ Абдулқодир ба Тоҷикистон барнагашт. Аммо дуруст замоне баргашт, ки дигар на аз фишорҳои нерӯҳои амниятӣ хабаре буд, ва на ин масъала, масъалаи муҳимме барои Эмомалӣ Раҳмон.

Баргаштани Муҳтадӣ Абдулқодир дар ин замон далел бар он аст, ки бо дастури мақомоти Арабистон ба Тоҷикистон баргашт, то номаш бар забонҳо ва ВАО зиёд бурда шуда табдил ба қаҳрамон шавад, сипас дар фурсати муносиб аз ӯ истифода шуда, идеологияи салафизмро бо раҳбарии ӯ дар Тоҷикистон поягузорӣ кунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон низ бо пулҳои Арабистони Саудӣ маҷбур аст бо Муҳтадӣ Абдулқодиров мудоро кунад ва ӯро алорағми ҷурми ошкор (салафизм ва тундгароӣ) ки садҳо нафарро пушти милаҳои зиндон фиристодааст, Муҳтадӣ Абдулқодирро озод кунад ва бо озодии шартӣ ӯро озод бигузорад.

Хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор: Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Муҳтадӣ Абдулқодиров, ҷияни муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро бар асоси моддаи 189 дар барангехтани кинаву адовати мазҳабӣ гунаҳкор шинохта, маҳкум ба зиндон кардааст, вале бар асоси моддаи 71-и Кодекси ҷиноӣ – "шартан татбиқ накардани ҷазо", ҷияни муфтиро шартан озод кардааст. Муҳтадӣ Абдулқодирови 36-сола, ки бо иттиҳоми салафигароӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошт ва 4 соли охир дар Арабистони Саудӣ ба сар мебурд, рӯзи 29 ноябр бо ваъдаи афв бо миёнаравии ВКД ба Тоҷикистон баргашт, вале баъди бозгашт ӯро кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дастгир карданд. Бар асоси ҳукми шартиаш, Муҳтадӣ Абдулқодир ҳаққи бидуни иҷозат тарк кардани маҳалли зисташро надорад ва бояд дар вақтҳои муайян ба мақомот ҳозир шуда, худро сабти ном кунад.

Хабарнигори хабаргузории Востокнюз Сиддиқи Акбар

Табиъист мақоларо Востокнюз таъйид ё рад намекунад.

general.images