Муҳокимаи аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ пушти дарҳои баста

Аз торихи 9-феврал, муҳокимаи аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ дар Душанбе, пушти дарҳои баста оғоз гардидааст.

Аз торихи 9-феврал, муҳокимаи аъзоёни боздоштшудаи ҲНИТ дар Душанбе, пушти дарҳои баста оғоз гардидааст.

Ин муҳокима акидан пушти дарҳои баста сурат мегирад ва ҳеч як аз намояндагони расонаҳо ва ҳатто наздикону бастагони муттаҳамон, ба ҷуз вакилони мудофеъ, ҳаққи вуруд ва назорат ба раванди муҳокимаро нахоҳанд дошт.

Пас аз ошӯби муовини вазири дифоъ, генерал Абдуҳалим Назарзода, теъдоде аз узви раёсат ва Шӯрои олии ҲНИТ, аз ҷумла, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов ба иттиҳоми даст доштан дар ин ошӯб, боздошт шудаанд, ки муҳокимаи ин афрод дар торихи мазкур оғоз гардид.

Додситонии кулли Тоҷикистон иддао намудааст, ки алайҳи боздоштшудаҳо бо иттиҳоми терроризм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ, исёни мусаллаҳона ва чанд моддаи дигари Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст. Иттиҳоме, ки боздоштшудагон ва дигар ахзоёни ҲНИТ онро ба таври комил рад намуда ва ин иқдоми мақомотро сифан сиёсӣ мехонанд.

 

general.images