Муҳокимаи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ба таъхир афтод

Ҷаласаи муҳокимаи 13 нафар аз аъзоёни боздоштшудаи Шӯрои олии ҲНИТ ба таъхир афтодааст.

Ҷаласаи муҳокимаи 13 нафар аз аъзоёни  боздоштшудаи Шӯрои олии ҲНИТ ба таъхир афтодааст.

Ба гуфтаи бастагони ин афроди боздоштшуда,  қарор буд идомаи ҷаласаи муҳокима дар торихи 29-март баргузор шавад, аммо ба далоили номаълум  ин нишаст дар торихи  эъломшуда баргузор нашуд ва мақомоти қазоӣ низ дар ин маврид ҳеч тавзеҳе ироа нанамудаанд.

Вакилони мудофеи парванда низ бо изҳори беиттилоӣ гуфтаанд, додгоҳ ҳеч торихи дигареро ҳам барои идомаи мурофиа таъйин накардааст.

Ин афрод дар паи ошӯби муовини вазири дифоъ, генерал Назарзода, ба иттиҳоми даст доштан дар он ошӯб, боздошт шуда буданд.

general.images