Мушкили нав ва шадид болои таксӣ ронҳои тоҷик дар Русия

Ширкатҳои бузурги таксӣ дар Русия, ронандаҳои тоҷикро, ки парвона (права)-и русӣ надоранд, аз кор меронанд ё аз ҳамкорӣ бо онҳо даст мекашанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, ширкатҳои бузурги таксӣ дар Русия, ба мисли "Yandex такси" ва "Uber", ронандаҳои тоҷикро, ки парвона (права)-и русӣ надоранд, аз кор меронанд ё аз ҳамкорӣ бо онҳо даст мекашанд. Рӯзи 1-уми июл дар Русия қонуне ба иҷро медарояд, ки мувофиқи он шаҳрвандони Тоҷикистон бо шаҳодатномаҳои ронандагии кишвар ҳаққи дар онҷо мусофиркашонӣ надоранд.Баҳрулло Одинаев, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, рӯзи 29-уми июл гуфт, аз шаби гузашта ширкатҳои таксӣ ронандагони тоҷикро аз кор ҷавоб медиҳанд. Вай афзуд , "Муҳоҷироне, ки таксиронӣ мекунанд, ниҳоят зиёданд. Бархеи онҳо аз ширкатҳои таксӣ мошинро ба иҷора гирифтаанд. Баъзеи дигар бо мошини худ ба мусофиркашонӣ машғул буданд. Акнун мувофиқи қонун, ки 1-уми июл ба иҷро медарояд, ширкатҳои таксӣ ҳақ надоранд, муҳоҷиронро бо шаҳодатномаҳои ронандагии Тоҷикистон ба кор бигиранд".Одинаев гуфт, дар сурати иҷро накардани қонун ширкатҳои таксии Русияро ҷаримаҳои ҳангуфт – то 600 ҳазор рубл – интизор аст. Ӯ афзуд, “танҳо ҳамин шаб ба ман ҳадди ақал 15 нафар, ки ба таксиронӣ машғуланд, занг заданд. Нозирони ГБДД ба онҳо огоҳӣ додаанд, ки дигар бо шаҳодатномаҳои Тоҷикистон ҳаққи ронандагӣ надоранд."

general.images