Мухолифони ҳукумат бо интиқоди шадад аз радиои «Озодӣ» онро расонае дар хидмати режими Раҳмон муъарфӣ карданд

Мухолифони ҳукумат дар нишасти САҲА бахшида ба озодии баён бо интиқоди шадад аз мудирияти радиои «Озодӣ» онро расонае дар хидмати режими Раҳмон муъарфӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, Раҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Аврупо зимни баромадаш дар нишасти САҲА бахшида ба озодии баён гуфт, дар Тоҷикистон озодии сухан дар ҳоли аз байн рафтан аст, чун шаҳрвандон ва рӯзноманигорон аз танқид худдорӣ мекунанд.Ӯ фаъолияти Радиои Озодии Амрикоро дар Тоҷикистон зери танқид гирифт ва гуфт ин расонаи амрикоӣ бо мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад, бинобар ин ҳуқуқи вижаеро соҳиб аст.Илҳомҷон Ёқубов гуфт, “Онҳо сиёсати ҳукуматро дастгирӣ мекунанд ва бо мақомот ҳамкорӣ доранд. Ҳатто ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот медиҳанд ва бо ин корашон ҳаёт ва озодии муаллиф ва дилхоҳ шаҳрвандро, ки мусоҳиба ё мақола додааст, зери хатар мегузоранд. Онҳо ба таври систематик бо истифода аз одамон, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои онҳо, онро ба нафъи худ тафсир мекунанд. Дар ҳамин ҳол онҳо пайваста аз тарафи мақомоти интизомӣ дастгирӣ ва истифода мешаванд” .Ёқубов гуфт дар ҳамин ҳол созмон ва интстутҳои ҷомеъаи шаҳрвандӣ зери назорати шадид қарор доранд ва даҳҳо фаъол, сиёсатмадор, мухолиф, журналист ва адвокатҳо ба хотири андешаи дигар доштанашон дар зиндонҳо қарор доранд. Раҳбари АМОМ гуфт дар се соли охир ҳазорон нафар тарки Тоҷикистон карданд ва дар Аврупо паноҳандагӣ хостаанд. “Беш аз 85 дарсади онҳо аз таъқибҳо фирор мекунанд” — таъкид кард ӯ.Инчунин Шабнам Худойдодова, ҳомии ҳуқуқи мустақил низ рӯзи 17 сентябр дар иҷлосияи умумии анҷумани САҲА дар Варшавааз сиёсати эҷодии ошкоро рӯ ба ҳукумати радиои «Озодӣ» ба шиддат интиқод карда, гуфт, ин радиоро «филиали хабаргузории «Ховар» дар Аврупо ва дафтари матбуоти ҳукумат ном кардаанд. Шабнам Худойдодова аз мақомоти Амрико хост, масъалаи мудирияти радиои «Озодӣ»-ро ҳал кунанд, чунки мавқеъгириҳои «Озодӣ», ба ақидаи ӯ, дар умум ба имиҷ ва обрӯи Амрико ва Ғарб зарба мезанад.Ӯ гуфт, Конгресси Амрико ҳар сол барои ин радиобарои иҷрои миссияи таъмини мардум бо ахбори мустақилу дуруст 1,6 миллион доллар ҷудо мекунад, вале дар замони роҳбарии Соҷида Ҷахфарова ин радио ба як минбари сирф таблиғи ҳукумат табдил ёфтааст ва аз пайгирии масоили доғи рӯзи Тоҷикистон парҳез мекунад.Шабнам Худойдодова гуфт, мудирияти «Озодӣ»дар ин расона журналистони тарафдори ҳукуматро ҷамъ оварда, журналистонеро, ки назари интиқодӣ доштанд, пурра ронд. Дар натиҷа, гуфт ӯ, ҳоло бисёриҳо ин радиоеро, ки бо пули Амрико фаъолият дорад, филиали хабаргузории давлатии «Ховар» дар Аврупо ва дафтари матбуоти ҳукумат меноманд.Шабнам Худойдодова гуфт, мавқеъгириҳои ошкоро рӯ ба ҳукумати радиои «Озодӣ» дар зеҳни бархе фикреро ба вуҷуд овардааст, ки шояд ин сиёсати ҳукумати Амрико чунин бошад ва тавассути радиои «Озодӣ» аз сиёсати ҳукумати кунунӣ пуштибонӣ мекунад.Ӯ гуфт, умедворам чунин аст ва мақомоти Амрико баъди ин суханронӣ дар фикри ҳалли масъалаи радиои «Озодӣ» хоҳанд шуд. «Чунки бо чунин сиёсати эҷодӣ радиои «Озодӣ» нафақат обрӯи худашро ба замин яксон кард, балки ба имиҷи Амрико ва Ғарб дар умум зарба мезанад.

general.images