Муфтӣ: “Билахира фаҳмидем, ки дар пушти ҲНИТ кӣ меистад ва кӣ ҳимоят мекунад!”

Имрӯз дар намози ҷумъа, дар мавъизаи муфтӣ, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, мавзӯи даъвати Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ба Эрон, боз ҳам мавриди интиқод қарор гирифт.

Имрӯз дар намози ҷумъа, дар мавъизаи муфтӣ, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, мавзӯи даъвати Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ба Эрон, боз ҳам мавриди интиқод қарор гирифт.

Ҷаноби Абдулқодирзода зимни мавъизааш дар намози ҷумъа изҳор дошт, даъвати сафири Эронро ҷиҳати ширкат дар конфронси “Ваҳдати исломӣ” бародарона ва дӯстона қабул кард, аммо ба гуфтаи вай, ҷониби Эрон хилофи дӯстӣ амал намуда, "Муҳиддин Кабирӣ, террористи рақами як -  раҳбари ошӯбҳои моҳи сентябр дар Тоҷикистонро дар паҳлӯи ҳайати тоҷикистонӣ ҷой дод". 

Дар идомаи матлаб муфтӣ, Абдулқодирзода гуфтааст, дар пайи ин амалкард бо ташкилкунандаҳои конфронси "Ваҳдати исломӣ" суҳбат карда, таъкид намудааст, ки 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз дасти ҳаминҳо кушта шуд ва Кабирӣ ошӯбҳои моҳи сентябрро раҳбарӣ кардааст.

Абдулқодирзода таъкид намудааст, ки билахира фаҳмидаанд, ки "дар пушти ин ҳизб, кӣ меистаду кӣ маблағгузорӣ мекунад".

Конфронси “Ваҳдати исломӣ”, 27 декабри соли 2015, дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон оғоз шуда, то 29 декабр идома ёфт. Барои ширкат дар ин конфронс, аз Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, Файзулло Баротзода, раҳбари Маркази исломшиносии назди президент, Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иштирок доштанд. 

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар ин конфронс аз ҷониби Эрон ба унвони “меҳмони вижа” даъват шуда буд, ки бо интиқоди Душанбе рӯбарӯ шуд ва Вазорати умури хориҷа ба сафорати Эрон дар Тоҷикистон "нота" супурд. 

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images