Мусоҳибаи Тасним бо Илоҳомҷон Ёқубов (2)

Дар бораи ислоҳоте, ки дар Узбакистон шудааст, тақрибан ҳамаи коршиносон мӯътақиданд ислоҳоте қобили таваҷҷӯҳ ва воқеъӣ дар ин кишвар на танҳо тамом шуда ва балки ҳанӯз давом дорад. Ахиран ҳатто беш аз 45 нафар аз зиндониёни сиёсӣ, ки дар даврони Каримов зиндонӣ шуда буданд ва бештари онҳо ҳукмҳои тӯлонимуддат доштанд, озод шудаанд.

Ислоҳоти Узбакистон яке аз мавзуоти муҳимми имрӯзи Осиёи Марказӣ аст, ки нигоҳҳои хушбинона ва бадбинонаи бисёреро ба худ ҷалб кардааст. Нигоҳҳо нисбат ба ин ислоҳот чигуна буд ва оё имкони сирояти паёмадҳои он ба Тоҷикистон вуҷуд дорад?

Дар бораи ислоҳоте, ки дар Узбакистон шудааст, тақрибан ҳамаи коршиносон мӯътақиданд ислоҳоте қобили таваҷҷӯҳ ва воқеъӣ дар ин кишвар на танҳо тамом шуда ва балки ҳанӯз давом дорад. Ахиран ҳатто беш аз 45 нафар аз зиндониёни сиёсӣ, ки дар даврони Каримов зиндонӣ шуда буданд ва бештари онҳо ҳукмҳои тӯлонимуддат доштанд, озод шудаанд. Ҳамчунин рӯзноманигорони хориҷӣ ва байналмилалиро иҷозат додаанд то дар ин кишвар фаъолият кунанд. Марзҳоро барои ҳамсоягон аз ҷумла тоҷикҳо боз карданд ва вазъияти ҳуқуқи инсон низ беҳбуд ёфтааст. Ончи, ки коршиносон гуфтанд ин буд, ки хуб буд давлати ҳозири Тоҷикистон аз таҷрибаҳои ислоҳгаронаи ҳамсоя дарс гирифта то вазъияти кишвар низ беҳбуд ёбад аммо тибқи гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон имрӯз ҷузви поинтарин радаҳо дар ҳуқуқи башар қарор гирифта ва афсус, ки гуфтанд ислоҳоти Узбакистон ҳеч таъсире бар Тоҷикистон нагузордааст ва ибрози умедворӣ карданд дар солҳои оянда таъсир сурат бигирад.

Вазъияти зиндонёни сиёсӣ ва ба вижа аз миён бардоштани тамоми мухолифони сиёсӣ низ имрӯза нигарониҳоеро ба вуҷуд овардааст. Дидгоҳҳо дар ин замина чигуна буд?

Мариос Фосом, намояндаи кумитаи норвегияии Хелсинкӣ оид ба Осиёи Марказӣ, ки аз соли 2012 то имрӯз дар хусуси ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон кор мекунад, изҳор дошт вазъияти ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бисёр поин омадааст. Ӯ ҳамчунин ба зиндонӣ шудани роҳбари ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун Зайд Саидов, баргузории интихоботи ғайридемокротик ҳамчун соли 2015, ки ин созмон ба унвони нозири байналмилалӣ дар он ҳузур дошт, ва... ишора кард. Бо ин ҳол хориҷ кардани ҲНИТ аз парлумон, эълом кардани он ба унвони як ҳизби террористӣ ва экстремистӣ ва зиндонӣ кардани аксарияти аъзои он мавзӯъи муҳимме буд, ки вай дар бораи он баҳс кард. Вай бар ин ақида буд, ки бо ин иқдом беш аз ним миллион нафар аз тарафдорони ин ҳизб бо мушкил мувоҷеҳ шуда ва акнун Тоҷикистон бо як бӯҳрон мувоҷеҳ аст ва агар аз тариқи равишҳои демократик натавонад онро контрол ва ислоҳ кунад, ба як нуқтаи ҷӯш хоҳад расид. Вай ҳамчунин пешниҳодоте ба намояндагони давлатӣ ва дипломатики ҳозир дар конфронс дар заминаи эъмоли фишор ба давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз бӯҳрон ироа кард. Ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ тасдиқ карданд, ки Тоҷикистон бо берун рондани мухолифони воқеӣ, созанда ва сабур аз кишвар иштибоҳе бузург кард ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам дигар кишварҳо ҳукми террористӣ эълом кардани ҲНИТ ва бархе гурӯҳҳои дигарро напазируфтанд.

Тоҷикистон дар соли 2018 бо мавориди мутааддиде аз ҳамалоти террористӣ мувоҷеҳ буд. Арзёбии суханронон аз таҳдиди терроризм дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ чӣ буд?

Устоди британияии ҳозир дар конфронс суханрони худро, ки натиҷаи таҳқиқоти чандсолааш будро дар ин конфронс дар ин замина ироа дод. Ӯ бар ин ақида буд, ки таҳдид ва нишонаҳои боризи ифротгароӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ тақрибан вуҷуд надорад. Дар соли 2017 ҳудуди 9373 амали террористӣ дар дунё сурат гирифта, ки танҳо 81 мавриди онҳо дар Осиёи Марказӣ будааст. Ин рақам дарсади бисёр поинеро нишон медиҳад, ки дар муқоиса бо дигар манотиқ қобили мулоҳиза нест. Бо инҳол давлатҳои Осиёи Марказӣ бо истифода аз таблиғот ва расонаҳои умумӣ ҳамеша хатари ифротгароӣ ва террористиро беш аз ончи, ки ҳаст унвон мекунанд то аз он дар ростои манофеъи худ баҳра баранд. Ба унвони мисол дар Тоҷикистон давлат дар талош аст то мардумро аз хатари ифротгароӣ ва терроризм баҳаросоанд ва фазое ба вуҷуд биёяд, ки эҳсос шавад, ки тамоми зеҳни сохторҳои ҳукумат ба ҳимоят аз мардум аз терроризм ва суботу амнияти миллат сарф шудааст. Дар натиҷа мардум аз ҳуқуқи зиндагӣ ва иҷтимоии худ ғофил шаванд ва мутолиботи дигареро матраҳ накунанд.

Ба назар мерасад, ки афзоиши шумори муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва ҳамалоти террористие, ки солҳои гузашта тавассути шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳодияи Аврупо рух дода яке аз нигарониҳои амиқи ғарбиҳост. Дар ин замина назари меҳмонони конфронс чӣ буд?

Мҳиуддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ва ПМТ суханроне буд, ки дар ин замина матолиберо ироа кард. Ӯ бо таъкид бар ин, ки муҳоҷирати тоҷикҳо ба Аврупо иҷборӣ ва на ихтиёрӣ будааст, таъкид кард, ки ин муҳоҷирон бештар майл доштанд ба кишварҳои исломӣ ё кишварҳои наздик ба лиҳози фарҳангӣ ва ҷуғрофиёӣ бираванд, аммо ин шароит дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт. Ҳатто бо вуҷуди он ки шумори зиёде аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия кор мекунанд, фазо барои муҳоҷирони сиёсӣ дар Русия ҳам бисёр хатарнок буд. Дар Туркия низ, ки соли 2015 шуморе аз муҳоҷирон ҳузур доштанд фазо ба тавре рақам хӯрд, ки дар ниҳоят Иттиҳодияи Аврупо ба охирин гузинаи мавҷуд бадал шуд. Дар Аврупо аммо як нуктаи муҳим вуҷуд дорад ва он ҳам ин аст, ки тоҷикҳо набояд бо дигар гурӯҳҳои муҳоҷир ҳамчун арабҳо ва туркҳо ва... ҳамгаро шаванд. Мо аз таҷрибаи қирғизҳо ва узбакҳо дидем вақте солҳои пештар ҳудуди 2005 ва 2007 ба Аврупо омаданд, ҳамгароии онҳо дар ҷамъиятҳои араб ва турк ва покистонӣ буд ва дар натиҷа дида шуд, ки ин амр мӯҷиби ифротгароӣ ва терроризм шуд. Лизо беҳтар он аст, ки тоҷикҳо низ ҷамъиятҳои мушобеҳ бо фарҳанг, суннат ва ойини худ дошта бошанд ва агар имконпазир набуд дар ҷавомеъи аврупоӣ ҷой дода шаванд. Ин амр дараҷаи амнияти болотре дар муқоиса бо наздикӣ ба гурӯҳҳои ношиноси дигар дорад.

tn.ai

general.images