Мусоҳибаи Тасним бо Илоҳомҷон Ёқубов (1)

Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ таъсироти мутақобили ислоҳот, саркӯб ва ифротгароиро аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯоти матраҳшуда тавассути коршиносони байналмилалӣ дар конфронси ҳафтаи гузаштаи донишгоҳи Вилнюс унвон кард.

Ба гузориши Тасним, бо афзоиши ҳузури муҳоҷирин ва ташаккулҳои Осиёи Марказӣ дар Аврупо, масоил ва гуфтумонҳои марбут ба Осиёи Марказӣ низ бо шиддати бештаре дар ҳоли шакл гирифтан аст. Дар ҳамин росто ҳафтаи гузашта низ дар шаҳри Вилнюс пойтахти Литва, конфронсе таҳти унвони “Осиёи Марказӣ: ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ” баргузор шуд. Ин конфронс тавассути Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ бо ширкати бархе аз муассисаҳои мутолеотии донишгоҳи Вилнюс баргузор гардид. Мусоҳибае, ки дар идома мехонед гуфтугӯе таҳлилӣ бо Илҳомҷон Ёқубов, роҳбари Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва мудири гурӯҳи баргузоркунандаи ин конфронс аст.

Чигуна шуд, ки кишвари Литва ва донишгоҳи Вилнюсро барои ин конфронс итихоб кардед. Оё дар дигар кишварҳои аврупоӣ имкони баргузорӣ набуд?

Ҳамонтавр, ки иттилоъ доред, ин дуввумин конфронси байналмилалии мо аст, ки дар мавзӯоти ҳуқуқи башар, ифротгароӣ ва муҳоҷират баргузор мешавад. Конфронси пешин низ дар шаҳри Вилнюс баргузор шуда буд. Иллати аслии мавзӯъ ибтидо ин аст, ки Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ба далели шумори қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирин дар кишвари Литва қарор дорад. Иллати дуввум ҳам иштирокоти мо бо Литва аст. Ҳамонтавр, ки иттилоъ доред Литва ҳамчун кишварҳои Осиёи Марказӣ дар таърихи начандон дур зайли Иттиҳоди Шӯравӣ буда ва мавзӯоти тарҳ шуда барои ин кишвар бегона нест. Албатта Литва баъд аз истиқлолият роҳи мардумсолорӣ, озодии баён, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон, озодии дин ва қонунмеҳвариро пеша карда ва имрӯз мардуми ин кишвар дар субот ва амният ва озодӣ ва пешрафт зиндагӣ мекунанд.

Дар баргузории ин ҳамоиш оё ниҳодҳо ва гурӯҳҳои дигаре ҳам мушорикат доштанд?

Бале, донишгоҳи Вилнюс, ки мизбони ин конфронс буд аслитарин мушорикаткунанда дар канори мо буд. Донишгоҳи Вилнюс яке аз донишгоҳҳои мӯътабари аврупоӣ аст ва аз 19 донишкада ва 7 муассисаи пажӯҳишгоҳӣ бархӯрдор аст ва беш аз 20 ҳазор донишҷӯи дар ҳоли таҳсил дорад. Анҷумани муҳоҷирини Осиёи Марказӣ бо 2 пажӯҳишгоҳи ин донишгоҳ аз ҷумла “Муассисаи мутолеоти осиёӣ ва байни фарҳангӣ” ва “Пажӯҳишгоҳи равобити байналмилал ва улуми сиёсӣ” ҳамкорӣ дорад. Дар ин муддат ду конфронси муштарак баргузор кардем ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар бораи вазъи муҳоҷирон ва ҳамгароии онҳо бо ин пажӯҳишгоҳ ҳамкорӣ дорад.

Номи конфронс дарбар дорандаи се вожаи “ислоҳот”, “ифротгароӣ” ва “саркӯб” аст. Оё иртиботи маъноии хоссе миёни ин се маврид вуҷуд дошт, ки чунин унвоне барои конфронс интихоб шуд?

Пешниҳоди ин унвон ва номгузориро мо ироа кардем ва аз сӯи ин донишгоҳ ва муассисоти мазкур пазируфта шуд. Меҳвари конфронс ҳам ду кишвари Узбакистон ва Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ буданд. Бале, ин се маврид, ислоҳот, саркӯб ва ифротгарӣ бо ҳам робита доранд ва аз нигоҳи банда, ислоҳот ҳам метавонад омили саркӯб ва ифротгароӣ бошад ва ҳам омили аз байн бурдани ин маворид. Ҳамонтавр, ки имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки дар Узбакистон имрӯз ислоҳоте мушоҳида мешавад, ки фишор ва амали саркӯбгарона, ки пештар аз сӯи Ислом Каримов будро бисёр камтар кардааст ва дар натиҷа ифротгароӣ низ дар Узбакистон хеле кам шудааст. Яъне ин ислоҳот ифротгароиро кам кардааст. Аммо бибинед, ки солҳои охир дар Тоҷикистон низ ислоҳоте сурат гирифтааст, аммо баракси он зиндагии мардум сахттар, саркӯб бештар ва дар ниҳоят ҳаракат ба самти ифротгароиро ба вуҷуд овардааст. Бо ин ҳол манзури мо аз номгузории ислоҳот, саркӯб ва ифротгароӣ, бештар ислоҳоте аст, ки дар Узбакистон ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳадаф ҳам он аст, ки бибинем таъсири он бар Тоҷикистон чигунааст. Чаро ки агар дар кишваре ҳамсоя бо иштирокоти бисёр зиёд ислоҳоте сурат бигирад, табиатан ин ислоҳот бар ҳамсоягон низ сароят мекунад.

Ғайр аз ин оё аҳдофи таҳлилии дигаре ҳам дар баргузории ҳамоиш дар назар гирифта шуда буд?

Бале, муҳимтарин аҳдофи баргузории конфронс, ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеъаи байналмилалӣ, коршиносон, муҳаққиқон ва сиёсатгузорони Иттиҳодияи Аврупо ба масоил ва мушкилоти Осиёи Марказӣ аз ҷумла нақзи ҳуқуқи инсон, саркӯби дигарандешон ва зиндонӣ кардани онҳо, маҳдудияти бесобиқаи озодии баён, бӯҳрони фарогири сиёсӣ ва ангезаҳои тарки ватан ва муҳоҷирати иҷбории онҳо ба Аврупо, таъсири раванди муҳоҷират ва паёмадҳои он ба Иттиҳодияи Аврупо ва ҳамчунин нишонаҳои мусбат аз иқдомоти ахири Узбакистон ва таъсироти он дар минтақааст. Ҳамчунин дар заминаи мушкилоти ифротгароӣ ва терроризм дар Осиёи Марказӣ низ мадди назар қарор дошт, ки то ҳудуди зиёде ба он пардохта шуд.

Чи афрод ва чеҳраҳое дар ин конфронс ҳузур доштанд? Оё аз намояндагони давлатӣ ҳам меҳмоне дар конфронс доштед?

Дар нишасти мазкур мақомоти давлатӣ, созмонҳои маҳаллӣ, намояндаи Иттиҳодияи Аврпуо дар Литва, чеҳраҳои дипломатик, рӯзноманигорон ва муҳаққиқон ва коршиносон аз кишварҳои Амрико, Британия, Норвегия, Лаҳистон, Русия, Олмон ва кишвари Австрия мушорикат ва суханронӣ доштанд. Аз ҷумлаи ин афрод Муҳиддин Кабирӣ, раиси ПМТ, Константинос Андриокас, яке аз устодони машҳури донишгоҳи Вилнюс низ суханронӣ кард. Фабио Беллофитӣ, устоди донишгоҳи Ҳолланд, ки худ асолатан италияӣ аст ва дар донишгоҳи Вилнюс ҳам кор мекунад; Мариос Фусом, намояндаи кумитаи новегияии Ҳелсинкӣ оид ба Осиёи Марказӣ; Сайпера Фиросенберг, устоди донишгоҳи Оксфорд; Стив Свердлов, пажӯҳишгар ва намояндаи дидабони ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ; Даниел Кислов, мудири хабаргузории “Фергана.ру”; Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқи инсон; Мирзораҳим Кузов, узви шӯрои олии ПМТ аз ҷумла афроде буданд, ки дар ин конфронс ширкат карда ва суханронии худро низ ироа карданд.

tn.ai

general.images