Мусалласи Амрико-“Исроил”-Саудӣ, иллати аслии сардии равобит байни Теҳрон ва Душанбе

Пас аз соли 2015 буд, ки равобити ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Эрон ва Тоҷикистон рӯ ба сардӣ ниҳод ва рӯзторӯз муносибатҳо бадтар шуда истодааст. Коршиносон иллатҳои зиёде барои ин сардӣ номбар кардаанд.

Пас аз соли 2013 ва пас аз он ки муддати сафорати Шеърдӯст (сафири Эрон) ва Ҳотамов (сафири Тоҷикистон) тамом шуд, ҳарду кишвар ба муддати як сол сафире муаррифӣ накарданд, ва аз ҳамон замон буд, ки гапҳое дар мавриди сардии равобит зада шуд, вале саранҷом дар ноябри соли 2014 ҳарду кишвар ба сафоратхонаҳои худ дар Теҳрон ва Душанбе сафири худро таъйин карданд.Вале пас аз гузашти тақрибан як сол ва баъди “кудато”-и Ҳоҷӣ Ҳалим, вазъият тағйир ёфт, баъди 3 моҳи воқеъаҳои сентябри соли 2015, Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ ба расми ҳарсола дар конфронси Ваҳдати Исломӣ ширкат кард, вале ҷониби Тоҷикистон инро як беэҳтиромӣ ба худаш пиндошт ва нотаи эътирозии худро ба сафири Эрон таслим кард. Баъди ин воқеъа, кам кам ниҳодҳои фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон яке пас аз дигарӣ баста шуданд, аввал Кумитаи Имдоди Имом Хумайнӣ ва пас аз он ройзании фарҳанӣ ва дафотири иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Эрон.Ин сардии равобит таваҷҷӯҳи коршиносони масоили Осиёи Марказиро дар тамоми дунёро ба худ ҷалб кард ва гумонҳои зиёде аз ин сардии равобит дар ин байн дида мешуд, аз пулҳои Бобаки Занҷонӣ то дахолати Саудӣ ва ҳамчунин пуштибонии Эрон аз ҲНИТ...Вале иллати аслии ин сардии равобит дар чист?Бо боварӣ гуфта метавонем, ки пулҳои Бобаки Занҷонӣ ва ё “пуштибони”-и Эрон аз ҲНИТ наметавонад иллати аслии ин бад шудани муносибатҳо нест, зеро ин масъалаҳо метавонад бо гуфтугӯҳои дипломатик ҳал шавад ва бо радду бадали баъзе имтиёзот ин масоил ба роҳи ҳалли худ бирасанд.Вале инҷо масъала фарқ дорад ва он ин аст, ки фаъол шудани лоббиҳои саҳюнистӣ ва саудӣ боиси ин мушкилот гардидааст, ва одамони вобаста ба саҳюнизм аз соли 2010 ба баъд бад шудани равобити ин ду кишвари ҳамзабонро калид задаанд.Аз соли 2011, ки сафири ғайримуқими “Исроил” дар Тоҷикистон, Ҳиллел Нюман ба Тоҷикистон омад, ва мулоқотҳои зиёде бо масъулини тоҷик дошт, пояҳои фаъолиятҳои зиддиэронӣ дар Тоҷикистон зада шуд ва режими “Исроил” бо густариш додани одамони худ дар ниҳодҳои Тоҷикистон аз ҷумла Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва КДАМ (ки С.Ятимов раиси он омӯзиш дида дар МОССАД-и “Исроил” аст) шурӯъи тарҳи эронҳаросиро дар Душанбе калид зад.Ва ба гуфтаи манбаъи Востокнюз дар ВКХ-и Тоҷикистон, дар сафари муовини идораи АвроОсиёи ВКХ-и режими “Исроил”, Анна Азарӣ,  аз мақомоти тоҷик дархост мекунад барои ин ки сармоягузориҳои режими “Исроил” ва ҳампаймонони ӯ дар Тоҷикистон бештар шавад бояд аз фаъолияти ниҳодҳои эронӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд ва ба ҳар баҳонае, ки набошад онҳо баста шаванд.Аз онҷо буд, ки режими Раҳмон тасмим гирифт пас аз тамом шудани тарҳҳои иқтисодии Эрон, ва дар замоне, ки Эрон бояд баҳраи худро аз ин тарҳҳо бигирад, ба як бора равобитро ба баҳонаҳои бедалелу мантиқ сард менамояд ва аз  лоббиҳои саҳюнистӣ ва саудӣ низ истифода карда ва дигар имтиёзҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ насибаш шудааст.Шояд ба назар мерасад, ки режими Раҳмон хеле дар инҷо хуб ва ба хубӣ пеш  рафтааст ва тавониста беҳтарин баҳраро дар ин миён бибарад вале бояд бидонад кишварҳое, ки “Исроил” ва Саудӣ дар он дахолат кардаанд сарнавишти хубе надоштаанд...Дар мақолаи баъд ногуфтаҳое аз равобит ва чеҳраи пушти пардаи Саймӯмин Ятимов, пешкаши хонандагон хоҳем кард.Востокнюз

general.images