Мулоқоти боздоштшудагони ҲНИТ ва ҳошияҳои ин дидор дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар торихи 4-март, барои аввалин бор, баъд аз оғози мурофиаи 13 узви Раёсати олии ҲНИТ дар Додгоҳи олӣ, ба наздикони бошдоштшудагон иҷозат дода шуд, ки бо онон мулоқот намоянд.

Дарторихи 4-март, барои аввалин бор, баъд аз оғози мурофиаи 13  узви Раёсатиолии ҲНИТ дар Додгоҳи олӣ, ба наздикони бошдоштшудагон иҷозат дода шуд, кибо онон мулоқот намоянд.

Агарчиба гуфтаи наздикони афроди боздоштшуда, бармеояд, ки барои мурофиаибастагонашон ҳам иҷозати ширкат дода нашудааст, аммо дар торихи 4-март вамусодиф бо ҳузури намояндагони СММ ба онон иҷозати мулоқот дода шуд.

Пасаз боздид ва мулоқот, наздикони афроди боздоштшуда изҳор доштаанд, ки “ҳолизиндониён хуб буда ва шикояте надоштаанд”.

Мурофиаи13 узви раёсати олӣ ва Шӯрои сиёсии ҲНИТ аз рӯзи 9-уми феврал оғоз гардидааст.Додгоҳ ин афродро ба ҷурми даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи генерал АбдуҳалимНазарзода – муовини вазири дифои Тоҷикистон, дар торихи 4-сентябри соли 2015 зиндонӣнамуда буд.

Ин13 нафар асосан узви Шӯрои олии ҲНИТ буда ва муовинони раиси ҳизб, СаидумарҲусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит, Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб,Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода,Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов,Саттор Каримов  ва Воҳидхон Қосиддинов мебошанд, ки аз торихи 16-17сентябри соли 2015, баъди саркӯб намудани ошӯби муовини вазири дифоъ, генерал АбдуҳалимНазарзода дар бозодошт басар мебаранд.

Муҳокимаиин афрод ба дустури додситонӣ, комилан махфӣ буда ва ҳатто наздикони дараҷаиаввали боздоштшудагон ҳам натавонистаанд дар мурофиа ширкат дошта бошанд, тобидонанд, наздиконашон ба чӣ ҷурме маҳкум мешаванд ва аз тарафе ҳам ба вакилонимудофеи ин афрод супориши муаккад шудааст, ки аз ҷумзъиёти мурофиа бо касесӯҳбат надошта бошанд.

Аммоахиран, якдафъа муносибат бо ин афрод тағйир ёфта ва Додгоҳи олии Тоҷикистониҷозати мулоқот бо ҳамсару фарзандони боздоштшудагонро содир намудааст, ки инмулоқот дар торихи 4-март анҷом гирифта ва ба гуфтаи мулоқоткунандагон, аҳволиумумии афроди боздоштшуда хуб буда ва зоҳиран шикояте ҳам аз вазъи бозодошташоннадоштаанд.

Иниҷозат агарчи ҳаққи мусаллами боздоштшудагон ва ҳамсару фарзандонашон буда ваяк хабари нисбатан хушҳолкунанда аст, аммо ба далели маълум будани сиёсатҳо вамуносибатҳои ҳукумати Тоҷикистон, ҳамагонро ба ҳайрат оварда ва ҳатто дар бархеаз пойгоҳҳои интернетӣ аз ин иқдоми ҳукумат, ба унвони “сенсатсия” номбурдаанд.

Дарҳамин робита донишманди тоҷик, Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки таҳлили бархе масоилисиёсии Тоҷикистонро низ пайгирӣ мекунад, ахиран дар таҳлиле навиштааст: “Имрӯз,ҳамзамон бо ташрифи гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон вадидор ва гуфтугӯи ӯ бо намояндагони ниҳодҳои интизомии кишвар, як дафъа раги«одамият»-и мақомоти тоҷик баланд шуд ва ба бастагони боздоштшудаҳои ҲНИТ иҷозадоданд, то бо наздикони зиндонии худ дидор бикунанд”.

Индонишманди тоҷик бо ишора ба ин масъала, ки оё ин иҷозати мақомот аз рӯиинсоният будааст ва ё рабте ба ҳузури гузоришгарони СММ дорад ва ё далелидигаре дорад, гуфтааст: “Суоли матраҳ ин аст, ки иҷозаи мақомот барои ин амр,оё бархоста аз ин будааст, ки ин мақомот ҳам «инсон» ҳастанд ва аз сифоте чун«тараҳҳум» ва «одамгарӣ» бархӯрдоранд ва лизо иҷоза додаанд, то зиндониҳо бобастагон ва наздикони худ дидор бикунанд? Ва ё на, балки ба ин ҷиҳат будааст,ки то барои гузоришгари СММ – ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон ҳузур дорад — собиткарда бошанд, ки онҳо ҳам масалан барои ҳуқуқи башар эҳтиром қоил ҳастанд?”

СайидюнусиИстаравшанӣ дар идома гуфтааст: “Агар иқдоми эшон бархоста аз «одамият»-ашонбошад, пас чаро имрӯз «одам» шуданд ва на дирӯз масалан? Тоза, агар инҳо «одамгарӣ»доштанд ва ба ҳуқуқи инсон эҳтиром қоил мебуданд, ки мо ҳаргиз ва аз ҳамонаввал, шоҳиди иттиҳоми анбӯҳе аз афроди бегуноҳ ба корҳое, ки анҷом надодаандва боздошт ва озору азияти онҳо ва наздиконашон аз сӯйи ин «одамҳо» намешудем.Ва ба илова, агар «одам» мебуданд, ки лоақал барои вакилони мудофеи инбоздоштшудаҳо иҷоза медоданд, то аз муваккилони худ бидуни ҳеч мумониат вафишоре дифоъ ба амал оваранд, на ин ки ҳатто худи он вукалои мудофеъро ҳамбоздошт ва маҳкум бикунанд. Бинобар ин, бисёр баъид ба назар мерасад, ки иқдомиахирашонро ношӣ аз «одамгарӣ»-и эшон бидонем”.

Донишмандитоҷик дар натиҷагирии сӯҳбатҳои худ гуфтааст: “Пас, мемонад шиққи дуввум, ки иниқдом ба ҷиҳати қудуми гузоришгари СММ ба Тоҷикистон ва барои ин будааст, ки тобарои ин гузоришгар собит бикунанд, онҳо ҳам барои ҳуқуқи инсон арҷ қоиланд”.

general.images