Музокирот бар сари муноқишоти марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон идома дорад

Тибқи гуфтаи вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, дар муқоиса ба соли 2014 дар соли гузашта, мизони ташаннуҷ дар марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбакистон коҳиш ёфтааст.

Тибқи гуфтаи вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев, дар муқоиса ба соли 2014 дар соли гузашта, мизони ташаннуҷ дар марзҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Қирғизистону Ӯзбакистон коҳиш ёфтааст.

Абдилдаев зимни рад намудани хабари расонаҳо дар бораи “вориди бунбаст шудани музокироти марзӣ” ва беасос хондани ин мавзӯъ, таъкид намудааст, “музокирот бо Тоҷикистон идома хоҳад дошт”.

Хабаргузориҳои Қирғизистон, рӯзи 4 январ, бо истинод ба гуфтаҳои вазири умури хориҷии ин кишвар эълом намудаанд, бо вуҷуди мушкилоту ихтилофи назарҳо дар мавзӯи таъини хатти марз, музокирот дар ин замина дар рӯзҳои наздик аз сар гирифта хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, сокинони шаҳрҳои марзии Тоҷикистон бо интиқод аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумат, таъкид намудаанд, беҳтар мебуд, ҳукумати ҷумҳурӣ, муносибати хубу дӯстонаеро бо кишварҳои ҳамсоя таъмин мекард, то аз ин тариқ, ҳам амният дар манотиқи марзӣ барқарор гашта ва бар асари муносибатҳои дӯстона, бӯҳрони камбуди газ ва барқ низ бартараф мегардид.

(Таҳияи Муҳаммадҷон Акбарзод)

 

general.images