“Мо аз ҷинояткорон интиқом хоҳем гирифт”; Режими Раҳмон, режими ҷинояткор!

Интиқом аз режими Раҳмон дар роҳ аст.

Режими Раҳмон режими ҷинояткор ва муҷриме аст, ки то ба ҳол ҳазорон бор бо амалкарде ки дошта аст, бар ҷинояткории худ шаҳодат дода аст.

Ҷинояткории шахси Эмомалӣ Раҳмон хусусан ва режими ӯ умуман ҷурме аст, нобахшуданӣ, ки бар якояки фарзандони боғайрат ва боимони халқи Тоҷикистон сахт гарон аст ва таҳаммули он дилҳоро ба дард оварда, қалбҳоро реш-реш гардонида аст.

Бешак ин ҷиноятҳо бепосух нахоҳад монд ва қатъан касоне пайдо хоҳанд шуд, ки аз Эмомалӣ Раҳмон ва дору дастаи ҷинояткор ва фосиди ӯ интиқом хоҳанд гирифт ва ман худро муфтахар медонам, ки аз чунин афроде ҳастам ва дар дил кина ва буғзи Фиръавни замон ва шайтони кабири Тоҷикистон- Эмомалӣ Раҳмонро дар сина мепарваронам ва дар рӯзи фурсат интиқом ва қасди худро аз золиму хунхоре чун Э.Раҳмон хоҳам гирифт.

Эмомалӣ Раҳмони ситамгар гумон накунад, ки чун бар сари қудрат аст ва 27 сари сол аст, ки хуни мардумро мемакад, ниҳояти ситамро раво медорад, ҷавонмардону далеронро ба қатл мерасонад, шерону боғайратонро зиндонӣ мекунад ва тарсу руъбро дар дили мардум мекорад, ҳамеша қудратманд хоҳад буд, на, зиҳӣ хиёли ботил!

Аз ноумедиҳо басо умед аст, поёни шаби сиёҳ сафед аст! Қатъан рӯзе хоҳад омад, ки зиллат ва хории Эмомалӣ Раҳмонро шоҳид хоҳем буд ва нобудии решаю пайванди ӯро ҷашн хоҳем гирифту шодӣ хоҳем намуд! Қатъан он рӯз дур нест.

Чаро интиқом аз Эмомалӣ Раҳмон ва режими ситамкораш!

Интиқом, ваъдаи Илоҳӣ аст, ки дар Қуръони Маҷид ба он ишора шуда ва муҷримону ҷинояткоронро ба интиқом ва қастгирии сахт башорат дода аст. Бешак Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиноякорони таърих аст ва лаккаи нанге бар таърихи Тоҷикистон.

Интиқом сабаби барқарории адолат, ба ҷавобгарӣ кашидни золиму ситамгар ва оромишбахшӣ ба дили ситамдидагону мазлумон ва умедбахшӣ ба адолатхоҳону адолатпарварон аст!

Ба ҳамин хотир аст, ки Аллоҳи Раббул-иззат интиқомро дар китоби муқаддаси худ зикр намуд ва муҷримону ҷинояткоронро ба нобудӣ башорат дода фармуд:

إِنَّا مِنَ الْمُجْرِمِينَ مُنْتَقِمُونَ

“Инна минал-муҷримуна мунтақимун”, “Ҳамоно Мо аз ҷинояткорон интиқом хоҳем гирифт”.

Ҳар мусулмоне, ҳар пайрави Қуръоне, ҳар инсони озодаю адолатхоҳе, ҳар инсони озодандешу соҳибфикре, ҳар инсони ободихоҳу ободгаре ки дар дил адолатхоҳӣ ва озодихоҳӣ ва ободии худ ва миллату ватани худро мехоҳад бояд аз ин ояти Қуръон пайравӣ кунад ва ба андозаи тавони худ аз ҷинояткори Тоҷикистон интиқом бигирад ва вафодории худро ба Офаридагори худ нишон диҳад.

Далелҳои ҷинояткор будани Эмомалӣ Раҳмон ва режими ситамгараш!

Эмомалӣ Раҳмон ҷинояткор аст ва далел бар ҷиноятҳои ӯ фаровон аст, ки мо дар инҷо ба чанд намуна аз ин ишора мекунем:

1.Қатли беш аз 150 ҳазор нафар барои расидан ба қудрат;

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳимояти Елтсин ва Ислом Каримови бедин дар солҳои оғозини пас аз фурупошии Шуравӣ ба мардуми худ ҳамла кард ва мӯҷиби қатли беш аз 150 ҳазор нафар, ятим шудани даҳҳо ҳазор кӯдак, бева шудани даҳҳо ҳазор зан, доғдор шудани даҳҳо ҳазор падру модар ва овора шудани халқ шуд, ки то ба имрӯз халқ овора аст ва рӯз то рӯз барои як луқма нон ва кор ба оворагии он афзуда мешавад. Бидуни шак ин ҷинояте аст, нобахшуданӣ ва қатъан рӯзе ояд, ки ҷинояткорон ҷавоб хоҳанд гуфт.

2.Ба қатл расонидани озодихоҳону зулмситезон;

Озодихоҳон ва зулмситезон ки бар зидди зулму ситами ҳокимон бархоста ҳаққи худро мутолиба кунанд, дар тӯли таърих кам набуда ва нахоҳад буд. Ва то замоне ки зулму ситаму золиму ҷинояткор вуҷуд дошта бошад, мубориза бо зулму ситам вуҷуд хоҳад дошт ва Эмомалӣ Раҳмони золим аз ин қоида мустасно нест.

Эмомалӣ Раҳмон бо бераҳмии тамом бар озодихоҳон тохт ва то метавонист дасти худро то оринҷ бар хуни шаҳидону зулмситезону озодихоҳон оғишта кард ва хонаи охирати худро бисёр торику зулмонӣ намуда, худро ҳезуми абадии дузах ва қаҳру ғазаби ҳазрати Аллоҳ сохт!

Намунае аз ин ҷиноятро метавон шаҳодати Устод Сайид Абдуллоҳ Нурӣ, Устод Муҳаммадшариф Ҳикматзода, шаҳид Умаралӣ Қувват, шаҳид Шермаҳмади Сафар, шаҳид Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, шаҳид Абдусаттор ва ҳазорон нафари дигар номбар кард.

3.Ҷинояткортарин инсон аз назари Қуръон душманони Ислому Қуръонанд;

Аз дидгоҳи Қуръон золимтарин шахс касе аст, ки алайҳи Аллоҳ, Ислом, зикри Худо ва... ба ҷанг бархоста, аз намоз хондану азон гуфтану зикри Аллоҳ ҷилавгирӣ мекунад. Қуръон мефармояд:

وَ مَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَنَعَ مَساجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَ سَعى‌ فِي خَرابِها

“Ва золимтарин шахс касе аст, ки монеъи зикри Худо (азон, намоз ва...) шавад, аз масҷидҳои Аллоҳ ҷилавгирӣ кунад ва дар вайрон кардани хонаҳои Худо –масҷидҳо талош кунад” (сураи Бақара ояти 114).

ومن اظلم ممن افتری علی الله کذبا او کذب بایاته

“Золимтарин шахс касе аст, ки ба Худо дуруғ бандад ва оёти Илоҳиро такзиб кунад” (сураи Анъом ояти 21).

Қатъан Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ахир беш аз ҳазорон масҷидро баст ё табдил ба тарабхона ва... кард. Ин намунаи боризе аз ҷанг алайҳи Худо аст, ки ҳам аз зикри Худо монанди азон, намоз, Ҳаҷҷ манъ кард ва ҳам инки хонаҳои Худо дар замин; яъне масҷидҳоро баст, ё табдил кард ва ё ба хок яксон кард. Ҷинояте ки Қуръон онро золимтарин инсон медонад.

4.Ба зиндон андохтани озодихоҳон бидуни инки ҷурмашон исбот шавад;

Дар соли 2015 ҷинояти таърихии Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт ва тамоми ҷаҳонро бар алайҳи худ намуд. Ҷаҳон аз бераҳмӣ ва ваҳшигарӣ ва ҷинояти зотии Эмомалӣ Раҳмон хабардор шуд, ҳатто дустони Эмомалӣ Раҳмон монанди Путин ва дигар кишварҳои ИДМ кори Эмомалӣ Раҳмонро таъйид накарданд.

Зиндонӣ намудани 13 узви шурои сиёсии ҲНИТ бо ҳукме ки аз тарс пушти дарҳои баста содир шуд, бар бераҳмии Эмомалӣ Раҳмон сиҳҳа гузошт ва ҷурму ҷинояташро бештар таъкид кард.

Умед дорам, ки Аллоҳи Раббул-иззат, каминаро дар интиқом гирифтан аз ин золими нобакор ва ҷинояткори бедини хабис ёрдам намояд ва бар ҳисси интиқомам биафзояд ва рӯзи мавъудро наздик гардонад!

Сиддиқи Акбар

general.images