Монеае барои ширкати оппозисиюни Қазоқистон дар интихобот вуҷуд надорад

Дар торихи 20-январи соли ҷорӣ, Нурсултан Назарбоев, ки зимоми қудратро дар Қазоқистон аз соли 1989 дар даст дорад, маҷлиси поёнии порлумонро пароканда намуда ва интихоботи зудҳангомро эълом намудааст.

Дар хабарҳо омадааст, ки Комисияи марказии интихоботии Қазоқистон рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократ (ҲУСД) барои ширкат дар интихоботи порлумониро сабти ном кард.

ҲУСД, ки танҳо ҳизби воқеан мухолифи Қазоқистон дониста мешавад, дар интихоботи пеш аз мӯҳлати порлумонии 20 март ширкат хоҳад намуд.

Гуфта мешавад, ин ҳизб рақиби ҳизби “Нур Отан” – ҳизби президент Нурсултон Назарбоев ва бархе аз ҳизбҳои дигари ҳукуматӣ ба шумор меравад, ки дар интихоботи имсол ҳаққи ҳузур ва ширкат пайдо намудааст.

Аммо бо ин вуҷуд, тибқи гуфтаи коршиносон, ҳеҷ яке аз интихоботҳои қаблӣ дар Қазоқистон, аз сӯйи нозирони ғарбӣ, озод ва одилона дониста нашудааст. Шубҳае нест, ки “Нур Отан” ин даъфа низ назорати порлумоне, ки дар он нишоне аз мухолифон дар тӯли солҳои тӯлонӣ вуҷуд надошт, барои худ ҳифз хоҳад намуд.

Аз ҷумла афроди саршиноси рӯихати ҳизби “Нур Отан”, Дариға, духтари калонии Назарбоев мебошад, ки дар ҳоли ҳозир, мақоми муовини нахуствазирро дорад ва низ чанд нафар аз чеҳраҳои саршиноси ҳунару варзиши Қирғизистон мебошанд, ки барои интихоб омодагӣ мебинанд.

general.images