Мисоли режими Раҳмон мисоли саг аст, ки агар ҷилави ӯ бестӣ мегурезад, аммо битарсӣ, туро медарад!

Яке аз сифоте, ки “саги ҳор” дорад, гуруснагии шадиди сернашаванда, ва ҳамла ба фироркунанда аст. Саг аккос мезанад, ав-ав мекунад ва бо ин кор инсонро метарсонад. Агар инсон ҷилави аккосзанӣ ва ав-ави ӯ беистад, саг метарсаду мегурезад, аммо агар инсон тарсаду гурезад, саг ӯро сур мекунад ва ба ҳар ҷое, ки тавонад дандонашро то устухон фурӯ мебарад.

Қуръон, китоби муқаддасе аст, ки 1400 сол пеш ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд ва барномаи танзими ҳаёти башариро ба башар нозил фармуд. Ҳар инсоне, ки хоҳад аз зиндагии хубе бархурдор шавад, бояд ба китоби созандаи инсон, ки инсонро аз худаш беҳтар мешиносад, муроҷиа кунад ва ба гуфтаҳои он амал намояд.

Дар ин китоби муқаддас, ки илми гузаштагону ояндагон дар он наҳуфта аст, гаҳгоҳ барои фаҳмондани масъала, мисолҳо ва масалҳои ҷолибе ба кор мебарад. Яке аз он масалҳое, ки ба кор мебарад, масали саг аст, ки мефармояд:

فَمَثَلُهُ کمَثَلِ الْکلْبِ اِنْ تَحْمِلْ عَلَیْهِ یَلْهَثْ اَوْ تَتْرُکهُ یَلْهَثْ

“Масали ӯ масали саг аст, ки ....” (сураи Аъроф, ояти 176).

Саг, гарчӣ мавҷуди шарифест ва вафодории ӯ ба дӯст ва валийи неъматаш сутуданӣ ва зарбулмасал аст, ки дар достонҳои вафодорӣ дар навиштаҳои донишмандони саросари олам ӯро мисол мезананд, аммо баъзе аз сифоте дорад, ки барои инсон зебанда нест, ва ҳар касе онро дошта бошад, ба саг монанд мешавад, ки мазмуму зишт аст.

Яке аз сифоте, ки “саги ҳор” дорад, гуруснагии шадиди сернашаванда, ва ҳамла ба фироркунанда аст. Саг аккос мезанад, ав-ав мекунад ва бо ин кор инсонро метарсонад. Агар инсон ҷилави аккосзанӣ ва ав-ави ӯ беистад, саг метарсаду мегурезад, аммо агар инсон тарсаду гурезад, саг ӯро сур мекунад ва ба ҳар ҷое, ки тавонад дандонашро то устухон фурӯ бурда, бо таконе ки медиҳад инсонро медаронад. Дар натиҷа, инсон ё кушта мешавад, ё ба бемории тарс ва “ҷунуни сагона” гирифтор мешавад ва ё барои ҳамеша аз аккосзанӣ ва ав-ави саг метарсад.

Эмомалӣ Раҳмон низ монанди ҳамин “саги ҳор” аст. Аввал аккос мезанад, бибинад агар халқ тарсиданд, дандонашро то устухони халқ фурӯ мебарад ва то метавонад тарсро дар дили мардум амиқ мегардонад. Агар халқ дар муқобилаш истоданд, ӯ ақибнишинӣ мекунад ва ҳамлаашро тарафи бегуноҳону заифон мегардонад.

Дар масъалаи болобарии нархи интернет Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш монанди ҳамин саги ҳори достони мо амал кард. Аввал аккос зад (нархи интернетро боло бурд), то чанд рӯз онро иҷро кард, дид ки халқ хестанд, ақибнишинӣ карду барои хомӯш кардани хашми мардум гӯё шахсеро ки бехабар аз Э.Раҳмон аккос зад (нархи интернетро боло бурд), аз кор гирифт.

Дар масъалаи болобарии нархи интернет ва муттаҳид шудани халқ алайҳи он, Эмомалӣ Раҳмон монанди ҳамин саги ҳор амал кард. Мардум дар муқобили аккосзаниаш истоданд, ӯ тарсид ва ақибинишинӣ кард. Пас, мардум бояд аз ин пас, дар муқобили аккосзании Эмомалӣ Раҳмон беистанд ва аз аккосзании ӯ натарсанд, ӯ худаш тарсида ақибинишинӣ мекунад, ҳамонтавре ки аз хезиши мардум тарсид ва нархи болобурдаи интернетро баргардонд.

Сиддиқи Акбар

general.images