Азиз Каримзод

Миллат ва истиқлол

Оё мешавад, ки дар як вақт ҳам ҷонибдори истиқлоли кишвар ва ҳам тарафдори мустамлика шуданаш бошӣ?

Медонистам, ки бисёре аз ҳамватанони мо аз мустақил шудани ватанамон хушнуд набуданду нестанд. Аксари онҳо ҳасрати замони Шӯравӣ ва "сериву пурӣ"-ашро мехуранд. Ҳамчунин ба қобилияту тавонмандии тоҷик бовар надоранд. Бовар надоранд, ки тоҷик ҳам метавонад давлати пешрафтаву ободе бунёд кунад. Мушкилоти зиёди мавҷударо аз мустақил гардидани Тоҷикистон медонанд. Гӯё агар мустақил намешудем, мисли замони Шӯравӣ зиндагии беҳтаре медоштем.

Аммо фикр мекардам, ки аксари онҳо мардуми аввоманд. Мутаассифона аз баҳсҳои марбут ба босмачиён маълум гардид, ки ҳануз нисфи рӯшанфикронамон ҳам вобастагиро беҳтар аз истиқлол мешуморидаанд.

Бубинед, болшевикон барои ғасби кишвари мо омаданд ва гуруҳе аз ҳамватанони мо муқобилият нишон доданд. Ин ки барои аз Ватан рондани болшевик муваффақ нашуданд, масъалаи дигар аст. Савол инҷост,ки оё дуруст карданд, ки барои ҳифзи хоку ному нангу номус бархестанд ё хайр? Агар гӯем, ки бад карданд, бояд муқобилият намекарданд, ин болшевик буд, ки моро аз торикӣ начот дод, пас мантиқан ҷонибдори болшевикони ғосиб ва ҷонибдори низоми Шуравӣ ҳастем.

Агар чонибдори Шӯравӣ ва ғасби мамлакатамон аз сӯи болшевик ҳастем, пас иддиъои истиқлолхоҳиаамон дурӯғ аст. Дурӯғи маҳз!

Оё мешавад, ки дар як вақт ҳам ҷонибдори истиқлоли кишвар ва ҳам тарафдори мустамлика шуданаш бошӣ?

Баргирифта аз саҳифаи фейсбуки Азиз Каримов

general.images