Милисаҳо ва КДАМ, ки аксаран шоҳиди ҷиноятҳои соҳибмансабонанд, равонӣ шуда ба оилаи худ зарар мезананд!

Шаби 8 сентябр як афсари милиса дар ноҳияи Вахш баъди бозгашт аз консерти бахшида ба иди истиқлолият дар хонааш ҳамсари худро дар назди фарзандонаш аз таппончаи "Макаров” ду тир задааст.

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ожонсиҳои хабарӣ аз қатлу куштору хушунати сохторҳои амниятӣ ва низомии Тоҷикистон зиёд пахш мешавад. Ҳар падидае сабаб дорад ва сабаби инки милисаҳои Тоҷикистон бисёр хашин шуда ҳатто ба зану фарзанди худ раҳм накарда даст ба қатлашон мезананд, ин аст, ки зулмҳо ва ситамҳою ноадолатиҳои соҳибмансабони Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмонро аз наздик дида ба гуфтаи марум “сарашон вайрон шуда болохонаашон (крышашон) мепарад”.Инсон мавҷудест, ки зотан аз дидани саҳнаҳои дилхарош ва зулму ситам ошуфта мешавад ва ин ошуфтагӣ дар зиндагии шахсии ӯ низ таъсир мегузорад. Корманди амният (КДАМ), ки баъд аз сӣ сол таҷрибаи корӣ ва хидмдат ба оилаи Э.Раҳмон фошкорӣ карда, аз онҳо безорӣ ҷуста, оғушта будани Э.Раҳмон ва С.Ятим ба хун то оринҷ ва қатли садҳо бегуноҳро таъкид мекунад ва ё милисае ки ба ҳамсар ва модари фарзандони худ дар пеши чашми фарзандонаш ду тир холӣ карда, ҳамсарашро ба қатл мерасонад, гувоҳ бар он аст, ки рӯҳияи чунин афроде, ки ҳар рӯз зулму ситаму ҷинояти режими Раҳмонро мебинанд, сахт ошуфта шуда, девонавор мешаванд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Ахбор, шаби 8 сентябр як афсари милиса дар ноҳияи Вахш баъди бозгашт аз консерти бахшида ба иди истиқлолият дар хонааш ҳамсари худро дар назди фарзандонаш аз таппончаи "Макаров” ду тир задааст. Зан дар натиҷаи ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расид. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images