Мехоҳанд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ сӯиқасд кунанд\ Режими Раҳмон таҳҳмули мухолиф дар Урупоро ҳам надорад

Сохторҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо як маълумот дар бораи омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва гӯё барои аз байн бурдани ӯ алакай вориди Олмон шудани афроди мушаххасеро тафтиш мекунанд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сомонаи Ахбор, бино ба иттилои дарёфтӣ, сохторҳои амниятии Иттиҳоди Аврупо як маълумот дар бораи омодагӣ ба сӯиқасд ба ҷони раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва гӯё барои аз байн бурдани ӯ алакай вориди Олмон шудани афроди мушаххасеро тафтиш мекунанд. Кабирӣ бо аҳли оилааш аз соли 2016 дар Олмон ба ҳайси паноҳандаи сиёсӣ ба сар мебарад.Бино ба иттилое, ки ба дасти сомонаи "Ахбор” расид, мақомоти амниятии Иттиҳоди Аврупо ба тафтиши як маълумот дар мавриди сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) шурӯъ кардаанд.Як манбаи огоҳ аз ин қазия дар Русия низ рӯзи 27 май ба сомонаи "Ахбор” гуфт, бино ба маълумоти ӯ, нафарони мушаххас бо ҳадафи аз байн бурдани ин роҳбари мухолифини тоҷик алакай вориди Олмон шудаанд.Муҳиддин Кабирӣ, ки соли 2015 тарки Тоҷикистон кард, баъди як соли зиндагӣ дар Туркия, дар соли 2016 ба Олмон паноҳ овард ва дар ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи аҳли оилааш мақоми паноҳандаи сиёсиро ба даст овардааст.Дар бораи инки оё дар пушти ин нақша кӣ истодааст?, маълумоте дода намешавад. Пайдо кардани ҷузъиёти ин қазия низ дар ҳоли ҳозир як амри маҳол ба назар мерасад.Вале ҳамсӯҳбатони "Ахбор” мегӯянд, мақомоти амниятии Аврупо ин иттилоъро хеле ҷиддӣ гирифтаанд ва дар пайи ҷустуҷӯи афроде шудаанд, ки гӯё бо ҳадафи маҳви Кабирӣ ба Олмон омадаанд.Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015, дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳонаи генерал Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) фаъолияти ҲНИТ-ро аз ҷумла ба далели даст доштанаш дар ин ошӯб дар кишвар расман манъ карда ва ин ташаккули умдаи мухолифи ҳукуматро ба ҳарду рӯйхати созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карданд. Дар пайи саркӯби ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим тақрибан 200 нафар, аз ҷумла теъдоде аз роҳбарони ҲНИТ дар Тоҷикистон дастгир ва зиндонӣ шуданд.Аммо роҳбарони ҲНИТ, ки аксараш ба Аврупо паноҳ бурдаанд, аз ҷумла худи Муҳиддин Кабирӣ, ҳар навъ даст доштани ҳизб дар исёни Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои аз арсаи сиёсии кишвар берун андохтани ин умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.Дар гузашта низ роҳбарони оппозитсияи тоҷик дар хориҷ ҳадафи сӯиқасдҳои мусаллаҳона қарор гирифта буданд.Аз ҷумла моҳи январи соли 2012 Додоҷони Атовуллоҳ, як мунтақиди сарсахти ҳукуматро дар шаҳри Маскав бо корд захмӣ карданд. Додоҷони Атовуллоҳ баъди он сӯиқасд барои доим ба Олмон, ки онҷо мақоми паноҳандаи сиёсӣ дошт, кӯчид ва дар Берлин зиндагӣ мекунад.Додоҷони Атовуллоҳ моҳи октябри соли 2016 дар инҷо низ барои тақрибан се моҳ аз маҳзари ом ба таври ногаҳонӣ ғайб зад. Ӯ баъдан дар як паём гуфт, ки мақомоти амниятии Олмон як нақшаи сӯиқасд ба ҷонашро ошкор кардаанд ва вайро ба ин далел чанд моҳ таҳти ҳифозати маъмурони амниятӣ дар як макони амн пинҳон кардаанд.Моҳи ноябри соли 2014 боз ҳам дар шаҳри Маскав Мақсуд Иброҳимов – роҳбари созмони "Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” – қаноти ҷавонони созмони "Гуруҳи 24” низ ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифт. Иброҳимов баъди раҳоияш аз бемористон ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва моҳи июни соли 2015 дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум гардид.Ҳамин тавр, моҳи марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов, асосгузор ва раҳбари "Гуруҳи 24” дар натиҷаи як сӯиқасди мусалаҳҳона дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд. Бо ҷурми даст доштан дар ин сӯиқасд додгоҳи Туркия Сулаймон Қаюмов, зодаи ноҳияи Восеъи Тоҷикистонро ба ҳабси умрбод маҳкум кард, вале фармоишгарон ва дигар иҷрокунандагони сӯиқасд ба ҷони Қувватов пушти парда боқӣ монданд.Намояндагони "Гуруҳи 24” масъулияти қатли роҳбарашонро ба дӯши ҳукумати Тоҷикистон бор мекунанд. Мақомоти Душанбе инро рад мекунанд.

general.images