Маҷлиси ҳукумат: Аз қабули тарҳи тағйирот ба Кодекси ҷиноятӣ то тасдиқи нақшаи генералии шаҳраки А.Ҷомӣ

Имрӯз, 8 феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар Қасри миллат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Дафтари матбуоти Президент хабар медиҳад.

Имрӯз, 8 феврал таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар дар Қасри миллат маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин бора Дафтари матбуоти Президент хабар медиҳад. Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷлис лоиҳаи як қатор қонунҳо, бо шумули тарҳи қонунҳо “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардид: “Ду хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - яке ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” ва дуюмӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон“ низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид”.Манбаъ мегӯяд, дар идома Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи генералии шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ тасдиқ карда шуд. “Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол масоҳати умумии маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 739,6 гектар, шумораи аҳолӣ 12 ҳазор нафар ва роҳҳои мошингард 30 километрро ташкил медиҳад ва бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ зарурати бунёди шаҳраки муосир пеш омадааст”,-меафзояд дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

general.images