Маҳкум ба 15 соли зиндон бо гумони узвият дар гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер”

Додгоҳи Душанбе як мардро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер” ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Озодӣ, додгоҳи Душанбе як мардро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер” ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Парвандаи ҷиноятӣ рӯзи 21 июн таҳти раисии муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ шудааст. Асомуддин Бобохонзода гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян гардид, ки Фахриддин Назарови 43-сола, зодаи шаҳри Душанбе аз соли 1998 то 2001 дар деҳаи Меҳтарии Теппаи Самарқандии собиқ ноҳияи Ленин дар ба ҷиноят задааст.Вай гуфтааст, ки раҳбари асосии гурӯҳи мазкур Самиҷон Ибодов буд ва афроди дигар зери дасти ӯ амал мекарданд. Ин гурӯҳ, ва аз ҷумла Назаров, “бо силоҳҳои сард мусаллаҳ шуда ба роҳзанӣ, тасарруфи амволи ғайр, одамкушӣ ва гаравгон гирифтани одамон машғул будааст”. Маълум нест, ки то куҷо худи Назаров иттиҳомҳои воридаро эътироф кардааст ё на ва чаро мурофиаи додгоҳӣ бо гузашти 20 соли баъд аз содир шудани ҷиноятҳо баргузор шуд.

general.images