Мақомот бо баҳонаҳои беасос 31 дӯкони тиҷориро дар Хуҷанд бастанд

фаъолияти 31 нуқтаи тиҷории маъмул ба дӯкон дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо дастури раиси ин шаҳр боздошта шудааст.

Мақомоти давлатӣ дар Тоҷикистон баҷои инки мардуми бечораро кумак кунанд, ҳамеша бо баҳонаҳои дуруғу беасос мадумро мавриди озору азият қарор медиҳанд. Ин бор 31 дӯкони тиҷорӣ дар Хуҷандро бо баҳона тароши бастанд.Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз Фараж, фаъолияти 31 нуқтаи тиҷории маъмул ба дӯкон дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд бо дастури раиси ин шаҳр боздошта шудааст. Дар ин бора шабакаи телевизионии маҳалии СМ-1 хабар дод.Гуфта мешавад, ки 27 дӯкон ба ҶДММ “Дӯсти Амирхон” мансуб буда, дар масоҳати 108 метри мураббаъ қитъаи замин воқеъ будаанд. Аксари ин дӯконҳо дар ҳудуди бозори Панҷшанбе ҷойгир буда, макони ҷойгиршавии онҳо симои шаҳрро коста мегардонидааст. Соҳибони дӯконҳо муваззаф шудаанд, ки дар даромади кӯчаи Саховат, шафати бозори Панҷшанбе, ҷой гирифта, ба тиҷорат машғул шаванд. Мӯҳрзании дӯконҳо аз ҷониби мақомоти милитсия дар ҳоле сурат гирифтааст, ки қаблан дар пайи корҳои фаҳмонидадиҳӣ соҳибони дӯконҳо огоҳ карда шуда будаанд. Гуфта мешавад, ки манъи фаъолияти дӯконҳо дар доираи амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” анҷом ёфта, минбаъд низ идома меёбад.Хабарнигори Востокнюз: Музаффари Раҷаб

general.images