Мақомоти Тоҷикистон, ҳатто 1000 доллар надоранд, то ду варзишгари номоварро ба мусобиқа фиристанд

Хушқадам Хусравов далели маҳрум гаштанашро аз иштирок дар ин мусобиқа набудани маблағ арзёбӣ кард.

Расуб Боқиев, ки солҳо барои Тоҷикистон ифтихорофаринӣ карда, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон медал овардааст, имрӯзҳо ба хотири инки дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок кунанд, аз тариқи мақомоти Тоҷикистон сафарбар нашуданд. Мақомоти Тоҷикистон ба Расул Боқиев ва Хусравов гуфтааст, ки мо пул надорем, худатон рафта пул ёбед ва ба мусобиқоти ҷаҳонӣ равед!Ин мантиқи мақомоти Тоҷикистон аст. Яъне наход кумитаи варзиш, ё ягон вазорати дигар 1000 доллар надошта бошад, ки ду варзишгари худро ба мусобиқоти ҷаҳонӣ сафарбар кунад?!Оё барои мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Э. Раҳмон айб нест, ки 1000 доллар надорад, то ду ҷавони варзишгарро, ки барои Тоҷикистон ифтихорофаринӣ кардаанд, ба мусобиқаи ҷаҳонӣ фиристад?? Дар ҷавоб метавон гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, барои як маъшуқааш маблағи 600 ҳазор доллар дода хона харидааст. Як маъшуқае, ки фақат барои кайфу сафояш назди ӯ мераваду халос. Аммо Расул Боқиев, номи Тоҷикистонро бо қаҳрамонӣ ва медалгириаш баланд мебардорад, наход барои ин тавр одам, 1000 доллар дареғ шавад?!Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодагон, Хушқадам Хусравов ва Сӯҳроб Боқиев, ду паҳлавони шинохтаи тоҷик аз ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки аз 28 август то 3 сентябр дар пойтахти Маҷористон, шаҳри Будапешт баргузор мегардад, маҳрум гаштанд. Хушқадам Хусравов рӯзи 28 август далели маҳрум гаштанашро аз иштирок дар ин мусобиқа набудани маблағ арзёбӣ кард. Номбурда гуфт, муддати се моҳи тобистон барои ширкат дар ин чемпионат омодагӣ медид: “Пул наёфтем, маблағ набуд, ки равем, мо се моҳи тобистон хоб нарафта, саҳару бегоҳ омодагӣ медидем, рӯзи рафтан пул нест, худатон маблағ ёбед, равед гуфтанд. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images