Мақомоти Тоҷикистон асардузд ҳастанд, ки бо фош шудани ҷинояташон ҳанӯз дар мансабанд

Бо ин ҳисоб метавон гуфт, ки ҳамаи вазирону вакилони ҳукумати Тоҷикистон бо сардамдории Э.Раҳмон дуздонеанд, ки маҳз ба хотири иҷрои фармонҳои Э.Раҳмон соҳиби вазифа шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои инки решаҳои худро дар ҳукумат ва қудрат бидавонад, афродеро дар мансаб гузоштааст, ки фақат гӯш ба фармони ӯ бошанд ҳатто агар дастур ба қатли ҳамаи аҳолии Тоҷикистон диҳад, фармонашро бечуну чаро ирҷо кунанд. Ин афрод аз ду ҳолат хориҷ нестанд, ё қудову домоди ӯянд, монанди вазири алоқа (Бег Сабур) ва ё гумошати ӯянд монанди раиси “Барқи Тоҷик”, ки баъд аз фош шудани асардуздиаш ӯро аз раёсати Барқи тоҷик гирифта, ба раёсати федератсияи тенниси рӯи миз гузошт.Бо ин ҳисоб метавон гуфт, ки ҳамаи вазирону вакилони ҳукумати Тоҷикистон бо сардамдории Э.Раҳмон дуздонеанд, ки маҳз ба хотири иҷрои фармонҳои хашину таҷовузкоронаю хоинонаи Э.Раҳмон соҳиби вазифа шуданд.Ба гузориши хабаргузории Востокнюз ба нақл аз Озодӣ, Мирзо Исмоилзода, раиси Ширкати саҳҳомию ҳолдингии кушодаи “Барқи тоҷик”, президенти Федератсияи тенниси рӯи мизи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯро ба ин вазифа дар ҷаласаи пленуми федератсияи мазкур, ки рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе доир шуд, интихоб карданд. Хабаргузории Восток-Нюз: Сиддиқи Акбар

general.images