Масъулони тоҷик, улгуи ахлоқии ҷомеъа

Дирӯз мақолаеро дар сомонаи Ахбор дар бораи бадахлоқии ронандаву кондуктори автобуси мусофиркаш хондам, ки инсонро намегузорад бетафовут бошад. Зеро волотарин мақоми инсоният ахлоқи хуб ва мудоро бо мардум аст.

Дирӯз мақолаеро дар сомонаи Ахбор дар бораи бадахлоқии ронандаву кондуктори автобуси мусофиркаш хондам, ки инсонро намегузорад бетафовут бошад. Зеро волотарин мақоми инсоният ахлоқи хуб ва мудоро бо мардум аст. Ҳамон тавре ки саду бисту чаҳор ҳазор пайғамбар арзиши воқеии инсонро бо сарват, зебоӣ, миллият ва .. нодонистанд, балки умматон ва пайравони худро ба ахлоқи писандида тавсия карданд. Дар инҷо мехоҳам инро бигӯям, ки чаро мо худамонро инсон ва мусалмон мепиндорем, вале баъзе вақт ҳарфҳое мезанем ва ё амалҳое анҷом медиҳем, ки шояд ҳайвонҳо нисбати ҳамнавъи худ анҷом намедиҳанд. Ба ақидаи ман, фақат намешавад гуноҳро бар гардани мардум андохт ва ҳамеша онҳоро муқассир донист. Зеро ҳамонтавре ки мегӯянд: “ мардум бар дини ҳокимонашон ҳастанд”. Мақсадам аз ин ҷумла ин аст, ки мардуми оддӣ бештарин таъсирпазириро дар дин, ахлоқ ва рафтору кирдор аз ҳокимон ва подшоҳонашон доранд.Метавон решаи ин бадахлоқиҳоро дар рафтор ва гуфтори масъулон бо мардум пайдо кард. Ба унвони мисол вақте ки рафтори мағруронаи милисаҳоро бо мардум мебинӣ, фикр мекунӣ ин масулият ва вазифаро аз падараш ба ирс бурдааст ва ё раиси бозор бадтарин бархурдро бо савдогарон карда, мисли арбоб бо ғуломаш рафтор мекунад, ё раиси ноҳия ғайр аз худ касеро болотар намебинад ва бо қабеҳтарин сухан бо зердастонашон (раиси ноҳияи Фархор) муносибат мекунанд, ё раиси ҷумҳур худро пешво ва улгуи миллат эълон карда, аммо дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ бо пасттарин ҳарфҳо бо зердастони худ суҳбат мекунад, пас вақте ки ҳукуматдорон худ бадтарин ахлоқ ва муносибатро бо мардум доранд, чӣ тавр мешавад аз як ронандаи автобус умеди ахлоқи хуб дошт ва умедвор буд, ки ҷомеъаи тоҷик бо савод бо ахлоқ ва нисбати якдигар меҳрубон бошанд!?. Ба умеди он рӯзе ки ҳокимон ва масъулони тоҷик сари ақл омада худ ва ҷомеаи тоҷикро бо ахлоқи инсонӣ ва ончики сазоворӣ як инсони шоиста аст ба дигарон бишносонанд!Хабарнигори Восток-Нюз: Каримов Далер

general.images