Маросими ифтитоҳи CASA-1000 бо ширкати сарони кишварҳои муртабит баргузор хоҳад шуд

Маросими ифтитоҳи тарҳи CASA-1000 – ки тарҳи интиқоли барқи Осиёи Миёна ба Афғонистон ва Пакистон мебошад, - дар торихи 12-май, бо ширкати раҳбарони кишварҳои муртабит дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳи тарҳи CASA-1000 – ки тарҳи интиқоли барқи Осиёи Миёна ба Афғонистон ва Пакистон мебошад, - дар торихи 12-май, бо ширкати раҳбарони кишварҳои муртабит дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Сухангӯи порлумони Тоҷикистон, аз сафари раҳбарони кишварҳои ширкаткунанда дар маросими ифтитоҳи тарҳи интиқоли барқи Осиёи Марказӣ ба Афғонистон ва Покистон мавсум ба CASA-1000,  дар торихи 12-майи соли ҷорӣ ба Душанбе хабар додааст.

Муҳаммадато Султонов,  ки ҳамроҳ бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ҳайати порлумонии ин кишвар дар Покистон ба сар мебарад, гуфтааст, ки сарони Афғонистон, Покистон ва Қирғизистон барои ширкат дар маросими ифтитоҳи тарҳ дар бахши тоҷикистонии ин пружаи муҳимми энергетикии минтақаӣ, рӯзи 12 моҳи майи соли ҷорӣ ба Душанбе хоҳанд омад.

Бар асоси тарҳи беш аз як миллиард долларӣ ва 970 километрии CASА-1000, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз соли 2018 дар моҳи‌ апрел то октябр ба Афғонистон ва Покистон, ҳудуди панҷ миллиард киловатт/соат барқ содир хоҳанд кард, ки саҳми Тоҷикистон се миллиард ва Қирғизистон ду миллиард киловатт/соат хоҳад буд.

Лозим ба ёдоварист, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба  далели навасоноти оби воридшаванда ба садди нерӯгоҳҳои барқӣ-обии ин ду кишвар метавонанд танҳо 6 моҳ дар сол - баҳор ва тобистон - барқи изофаи тавлидшударо ба Афғонистон ва Покистон аз тариқи хатти CASA-1000  мутақил намоянд ва дар дигар айёми сол - дар фасли сармо, ин ду кишвар бо бӯҳрони шадиди камбуди барқ рӯ ба рӯ мешаванд.

general.images