Мардуми Тоҷикистон дар сари дуроҳаи сарнавишт

Имруз аз назари раванди таҳаввулоти сиёсӣ кишвари Тоҷикистон дар сари як дуроҳа қарор дорад, ё ин кишвар ба як мамлакати монархӣ табдил мешавад ва ё ба як ҷумҳурии демократӣ. Зеро аз тарафе Тоҷикистон имруз бо худкомагиҳо ва худхоҳиҳои беш аз пеши Раҳмон рубарӯст, ки бо тамоми тавон кишварро ба самти як низоми монархӣ кашонда истодааст ва аз тарафе дигар бо мавҷе аз бедории сиёсии ҷавонон мувоҷеҳ гашта, ки ҳар руз ба теъдодашон афзуда мешавад. Ин тазод дар саҳнаи сиёсии кишвари Тоҷикистон руз ба руз дар ҳоли барҷаста шудан аст, ки ҳар чи бештар шавад, фосила байни ҳукумат ва мардумро зиёдтар мекунад. Дар натиҷа бегумон фақат яке аз ин ду иродаи сиёсӣ дар саҳна боқӣ хоҳад монд, вале ҳануз хеле зуд аст, барои гумоназанӣ ки кадом иродаи сиёсӣ бар иродаи дигар ғолиб омада сарнавишти сиёсии ояндаи Тоҷикистонро рақам хоҳад зад. Чун аз тарафе ин мавҷи бедорӣ то ҳоло натавониста ба сурати бояду шояд вориди фазои сиёсии кишвар гашта бо мардум иртиботи мустақим барқарор намояд ва аз тарафе ҳам Р

Имруз аз назари раванди таҳаввулоти сиёсӣ кишвари Тоҷикистон дар сари як дуроҳа қарор дорад, ё ин кишвар ба як мамлакати монархӣ табдил мешавад ва ё ба як ҷумҳурии демократӣ. Зеро аз тарафе Тоҷикистон имруз бо худкомагиҳо ва худхоҳиҳои беш аз пеши Раҳмон рубарӯст, ки бо тамоми тавон кишварро ба самти як низоми монархӣ кашонда истодааст ва аз тарафе дигар бо мавҷе аз бедории сиёсии ҷавонон мувоҷеҳ гашта, ки ҳар руз ба теъдодашон афзуда мешавад. Ин тазод дар саҳнаи сиёсии кишвари Тоҷикистон руз ба руз дар ҳоли барҷаста шудан аст, ки ҳар чи бештар шавад, фосила байни ҳукумат ва мардумро зиёдтар мекунад. Дар натиҷа бегумон фақат яке аз ин ду иродаи сиёсӣ дар саҳна боқӣ хоҳад монд, вале ҳануз хеле зуд аст, барои гумоназанӣ ки кадом иродаи сиёсӣ бар иродаи дигар ғолиб омада сарнавишти сиёсии ояндаи Тоҷикистонро рақам хоҳад зад. Чун аз тарафе ин мавҷи бедорӣ то ҳоло натавониста ба сурати бояду шояд вориди фазои сиёсии кишвар гашта бо мардум иртиботи мустақим барқарор намояд ва аз тарафе ҳам Раҳмон аз корномаи сиёсиву иқтисодии хубе бархурдор нест, ки бо пуштибонии он битавонад дили мардумро ҳамсӯ бо ин тарҳи монархии худ гардонад.

   Албатта Раҳмон то кунун чандин қадами ҷидди ба суи иҷрои ин тарҳ гузоштааст, ки метавон охарин қадамашро тасвиби қонуни пашвои миллат ва дахлнопазирии у донист, ки ин қонун роҳро ба суи низоми монархизм то андозае ҳамвор мекунад. Қадами муҳимми дигари Раҳмон ҳазфи руқабои эҳтимолӣ аз майдони сиёсии кишвар, махсусан ҲНИТ аст, ки бо берун шудани ҲНИТ аз майдони сиёсии кишвар, Раҳмон худро комилан берақиб эҳсос кард, бинобар ин билофосила қонуни пешвои миллатро ба иҷро гузошт. Вале аз он ҷое ки одатан масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳамеша бо худ як ҳамзоде доранд, ки беихтиёр ба ҳамроҳи аздоди худ зода мешаванд, ҳамин иқдомоти Раҳмон аз тарафе худ боиси барангехтани шуълаҳои хомуши инқилобӣ ва таҳрики шуъури сиёсии ҷавонон гашта аст. Аз ин рӯ то кунун ҳар иқдоме ки Раҳмон бар зидди рақибонаш анҷом дода, аз тарафе бар зидди худаш ҳам тамом шуда аст, зеро маҳз ҳамон иқдомоти саркубгароёна ва ҳамон фишорҳои сиёсӣ дар домани худ иродаи сиёсии мухолифро парвариш дод ва мардуми хоболудро бедор ва неруҳои беҷонро ҷон бехшид.

    Бинобар ин метавон гуфт, бедории сиёсии нисбие ки имруз дар байни ҷавонони Тоҷикистон дида мешавад, ғолибан бозтоби ҳамон сиёсатҳои ғалати Раҳмон мебошд, на хулосаи таҳлилоти сиёсӣ ва на натиҷаи рушди бинишҳои иҷтимоъии ҷавонон. Ба иборати дигар вокунишҳои сиёсии ҷавонони кишвар то кунун бештар ҷанбаи инфиъолӣ дорад, на ҷанбаи фаъол, яъне агар Раҳмон то ҳоло санҷидатар ва зираконатар рафтор мекард, чи басо мардуми Тоҷикистон мисли гузашта аз саҳнаи сиёсӣ дур монда сарнавишти худро комилан ба дасти ҳукумат месупориданд ва ин мавҷи бедорӣ ва озодихоҳии нисбӣ ҳам аз тарафи ҷавонони тоҷик бавуҷуд намеомад. Ва ин набудани шуъури сиёсӣ ва биниши иҷтимоъӣ ва дур будан аз саҳнаи сиёсат, дақиқан ҳамон заъфи асосӣ ва мушкили бунёдии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки сабаб гашта як режими фосиду худкома беш аз бист сол лиҷоми сиёсатро ба даст бигирад ва сарнавишти мардумро қурбонии зиёдахоҳиву бетадбирии худ намояд.

      Аммо ин бархурдҳои инфиъолӣ ва вокунишҳои бидуни биниш, барои ислоҳоти сиёсӣ ба танҳои кифоят намекунад, балки чи басо мавриди суистифодаи ҳукумат ва ё дастҳои бегона қарор бигирад. Бинобар ин то замоне ки мардуми Тоҷикистон худро саҳими сарнавишти сиёсии кишварашон надонанду аз биниш ва шуъури сиёсии кофӣ бархурдор нагарданд ва худ бо эҳсоси масъулият ва таҳлилу баррасӣ ҳар руза раванди сиёсии кишварро дунбал карда мустақиллона хулоса набароранд ва бидуни ҳеҷ фишору саркӯб фаъолона ба сиёсат дахолат нанамоянд, ва дар як калом сиёсӣ фикр накунанду сиёсӣ зиндагӣ нанамоянд, баъид нест, ки ояндаи Тоҷикистон як низоми монархӣ бигардад.

 

general.images