Мардуми бечора монанди мурғ аз коронавирус мурдаистодаанд!

Дар асари ноуҳдабароии Эмомалӣ Раҳмон халқи бечораи Тоҷикистон дар ранҷу азоб аст. Коронавирус тақрибан саросари вилоятҳои Тоҷикистонро фарогирифта ва ҷони мардумро ба хатар андохтааст.

Сабаби инки коронавирус дар Тоҷикистон паҳн шуд, Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ дар аввал вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистонро инкор мекард ва дар ҳолеки ҳамаи кишварҳо мардумро аз ҷамъшавӣ манъ мекарданд, Эмомалӣ Раҳмон дар авҷи коронавирус ҷашну маросим баргузор кард ва ҳазорон нафарро ба ин вабои бераҳм гирифтор кард.

Дар аввал режими Раҳмон вуҷуди коронавирусро инкор мекард ва ҳар касе ки аз вуҷуди он суҳбат мекард, таҳти шиканҷа ва ҳатто зиндон қарор мегирифт. Аммо баъд аз инки созмони беҳдошти ҷаҳонӣ барои боздид ва баррасӣ ба Тоҷикистон омаданӣ шуд, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳол вуҷуди коронавирус дар Тоҷикистон эълом кард.

Аммо барои инки омори мубталоён ба коронавирусро барои созмони беҳдошти ҷаҳонӣ кам нишон диҳад, беморонро дар бемористон бистарӣ намекарданд ва ҳамаро ба хонаашон мефиристоданд, ки дар натиҷа ҳазорон нафари дигарро бо ин кори беақлона гирифтори коронавирус кард.

Коронавирус паҳн шуд ва саросари Тоҷикистонро гирифт, аммо Эмомалӣ Раҳмон худ ва оилаашро карантин карда, ҳафтаҳо аз лонаи мушмонандаш намебаромад ва ин дар ҳоле буд, ки президентҳои кишварҳои ҳамсоя монанди Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон байни мардум буда, аз ҳолашон хабардор мешуданд ва ёрдами лозимро ба халқ мерасонданд.

Эмомалӣ Раҳмон бошад, 190 миллион долар ёрдами кишварҳои аврупоӣ ва созмони беҳдошти ҷаҳониро ки барои муқобила бо коронавирус дода буданд, гирифта беному нишон кард ва лавозими беҳдоштиеро ки кишварҳои хориҷа ба беморон дода буданд, ҳамаро гирифта ба духтурҳо фурухт.

Аз Эрон ва Узбакистон низ ёрдамҳои зиёде барои азбайнбарии коронавирус ва ёрдам ба мардуми бечора карданд, аммо Эмомалӣ Раҳмон бо камоли бешармӣ ҳамаи онҳоро гирифта, аз номи худ ва оилаю домодҳояш ба мардум фурухт.

Коронавирус чунон зиёд шудааст, ки мардуми камбағалро гирифтор карда, аз дорую дармон маҳруманд ва ин сабаб шуда, ки мардум монанди мурғ – яъне ҳамонтавр ки як беморие меояд ва мурғҳоро садҳо-садҳо кушта, бурда дар партобгоҳ партоб мекунанд, режими Раҳмон низ онҳоро беинки ба оилаашон нишон диҳад даста-даста дар гӯрҳои ҷамъӣ партоб мекунад - мурдаистодаанд ва ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон худ ва оилаашро дар кадом чуқурие ҳафтаҳо аст ки пинҳон кардааст- мегӯяд манбаъ ба Востокнюз.

Сиддиқи Акбар

general.images