Мардуми бечораи тоҷик бозҳам гирифтори бебарқӣ (ё баргашти Лимити барқ)

Қатъи барқ дар деҳаҳо ва бахе минтақаҳои Тоҷикистон оммавӣ шудаанд. Ҳарчанд соле қабл раисҷумҳур эълон карда буд, ки ба лимити барқ дар кишвар нуқта гузошта шуд.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, бар асоси иттилои расонаҳои Тоҷикистон ва хабаррасонии мардумӣ , қатъи барқ дар деҳаҳо ва бахе минтақаҳои Тоҷикистон оммавӣ шудаанд. Ҳарчанд соле қабл раисҷумҳур эълон карда буд, ки ба лимити барқ дар кишвар нуқта гузошта шуд, барқи белимитро мардум ҳатто як соли пурра ҳам надид. “Барқи Тоҷик” мегӯяд қатъи барқ дар навоҳӣ ба корҳои профилактикӣ бастагӣ дорад, ки ба зудӣ тамом хоҳанд шуд. Аммо қатъи барқ торафт сартосарӣ мешавад ва аксари навоҳӣ онро дар соатҳои муайян дарёфт мекунанд. Ҳанӯз нимаи моҳи сентябр сокинони навоҳии минтақаи Кӯлоб аз чорӣ шудани лимити барқ хабар дода буданд. Кам кам ин рӯйхат бузургтар шудан гирифт ва инак ба ҷуз чанд навоҳии вилояти Бадахшон, ки барқашонро “Помир Энержӣ” таъмин мекунад ва ду-се ноҳияд дар Суғд, тамоми навоҳии ҷумҳуриро фаро гирифт.Лимит яксон нест ва ҳар ноҳия тартиби худашро дорад. Баъзе аз ноҳияҳо, аз ҷумла Ҳисор, Рашт, Рӯдакӣ, Деваштич, Шаҳристон, Мӯъминобод, Носири Хусрав ва Шаҳритӯс ҳафтаи гузашта ҳамагӣ 8 соат дар шабонарӯз барқ гирифтанд, аммо баъзие дигар 16 соат барқ доштанд. манбаъ гуфтааст:Бархе аз коршиносони соҳа камбуди барқро ба НБО Роғун нисбат медиҳанд. Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш хабар додааст, ки оби дарёи Вахш барои пур кардани обанбори Роғун истифода мешавад. “Пуркунии обанбор барои таъмини кори нерӯгоҳ дар зимистон идома дорад. Ҳаҷми оби дарёи Вахш аз 1800 метри кубӣ дар сония дар моҳи июл то 600 метири кубӣ дар сония дар сентяб кам шудааст. Аввали моҳи октябр ҳаҷми оби дарё то 400 кубометр/сония кам мешавад. Чун оби дарё барои пур кардани обанбори Роғун истифода мешавад, НБО Норак, ки поёнтар аз он қарор дорад, обро камтар аз қабл мегирад”.Ин манбаъ ҳамчунин гуфтааст бо оғози мавсими гармидиҳӣ мушкили барқ бардошта хоҳад шуд, чун маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, ки 400 МВТ барқ истеҳсол мекунад, қодир аст 60 дарсади барқи пойтахтро таъмин кунад. Ҳамчунин қарор аст нимаи моҳи ноябр чархаи аввали НБО Роғун бо иҷтидори аввалияи 100 МВТ ба кор оғоз кунад. Дар ҳамин ҳол, баъди гармии равобит бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон содироти барқ ба ин кишварро ду баробар бештар кард. Ду кишвари воридкунандаи асосии барқи Тоҷикистон — Афғонистон ва Ӯзбекистон давоми соли ҷорӣ мутаносибан 1 ва 1,1 млрд кВт/с аз Тоҷикистон барқ гирифтаанд. Ҳаҷми умумии барқи содиркардаи Тоҷикистон дар ин давра 2 миллиарду 152 миллион кВт/с аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар бештар аст. Тибқи қарордоди имзошуда бо ин ду кишвар, Тоҷикистон муваззаф аст ба ҳар кадоми ин кишварҳо 1,5 млрд кВт/с барқ диҳад. Ба назар мерасад камшавии оби дарё ҳамон баҳонаи бистсола аст, ки мақомоти Тоҷикистон ҳамеша истифода мебаранд. Дар асл давлат ӯҳдадориашро назди ҳамсоякишварҳо иҷро мекунад. Аз ҳисоби хонаҳои сарду торики мардум…

general.images