Манбаъ: То кунун 5 нафар аз Эронхондагиҳо бо моддаи 305 зиндонӣ шуданд

Манбаъ аз даруни КДАМ: То кунун 5 нафар аз Эронхондагиҳо бо моддаи 305 зиндонӣ шуданд

Ҳукумати Тоҷикистон бераҳмтарин ҳукумати дунё аст, ки дар он на, қонун риоят мешавад ва на, инсон арзиш дорад. Кофӣ аст, ки Эмомалӣ Раҳмони кинатӯз ба касе гумони бад кунад, тамоми он оила аз беху бун тору мор мешаванд.

Кӯдакон низ дар режими Раҳмон муҷрим шинохта шуда, ба зиндон меафтанд. Хатарноктарин муҷрим аз назари режими Раҳмон касе аст, ки на танҳо ба Эмомалӣ Раҳмон ва ё яке аз аъзои оилаи ӯ чап-чап нигоҳ кунад, балки агар ба тарафи хонаи Эмомалӣ Раҳмон сарак кашида нигоҳ кунад, бо туҳмати қасди террори Э.Раҳмон зиндонӣ мешавад.

Яке аз касоне ки Эмомалӣ Раҳмон онҳоро душмани худ дониста, беягон ҷурму ҷиноят ба зиндон меандозад, Эронхондагиҳоянд. Аз чӣ бошад ки ба Эронхондагиҳо инқадар душманӣ дорад маълум нест.

Манбаъ аз амният ба Востокнюз гуфт, то кунун 5 нафар аз Эронхондагиҳо бо Моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон,- хиёнат ба давлат, “ҷосусӣ, додани сирри давлатӣ, ё расондани дигар хел ёрӣ ба давлати хориҷӣ, ...- маҳкум шуда, 25 сол зиндон дар интизорашон аст.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар байни ин зиндонишудаҳо ду нафаранд, ки падару писаранд. Яъне ҳам падар ва ҳам писар бо моддаи 305 маҳкум шуда бояд 25 сол дар зиндон бимонанд. Ӯ аз зикри номи маҳкумшудаҳо ба 25 сол худдорӣ карду гуфт ба наздикӣ номи ҳамаашонро эълом мекунанд.

Сиддиқи Акбар

general.images