Манбаъ аз амният: М.Соҳибназаров фақат ба хотири пулдор буданаш боздошт шуд!

Муҳаммадӣ Соҳибназаров фақат ба хотири пулдор буданаш боздошт шуд!

Манбаъе аз даруни сохторҳои амниятии Тоҷикистон ба Востокнюз дар бораи яке аз боздоштшудаҳо, ки дар филми ба истилоҳ “хиёнати 5” мусоҳиба додааст, иттилоотеро фиристодааст, ки тақдими хонандагон мегардад.

Имрӯз (22,09,2020) бегонӣ ба мессенҷери фейсбуки саҳифаи Востокнюз корбаре худро корманди сохторҳои амниятии ҶТ муаррифӣ карда, аз ниятҳои нопоки баъзе мақомоти сохторҳои амниятӣ парда бардошт.

Ӯ сабаби бисёре аз боздоштҳоро пулкоркунии кормандони амният медонад ва мегӯяд, мақомоти амниятӣ бо баҳонаҳо ва туҳматҳои гуногун одамҳои дасташон ба даҳонашон мерасидагиро шикор мекунанд, то аз ин тариқ пул кор карда ба зану фарзанди худ нон баранд.

Ба онҳо туҳмат зада, боздошт мекунанд, пас аз чанд рӯз шиканҷаи тоқатфарсо, онҳоро метарсонанд, ки агар фалон ҷиноятро ба гардан нагирӣ, ба зану фарзандат таҷовуз шуда, беобрӯяшон мекунем ва худат бошӣ дар зиндон пӯсида меравӣ!

Боздоштшудаи бегуноҳ ва бехабар аз ҷиноятҳои дар номаш навишташуда, ҳарчӣ пулу мол дорад ба мақомоти сохторҳои амниятӣ дода, худашро мехарад.

Ба гуфтаи ин манбаъ яке аз касоне, ки дар шикори мақомҳои амниятӣ афтид, Муҳаммадӣ Соҳибназаров буд. Ӯ дорои мошине буд, ки 27 ҳазор доллар меистод ва чанд хонаи сеҳуҷрагаю дуҳуҷрага дар номаш буд. Яъне дороияш беш аз 100 ҳазор доллари амрикоӣ буд, ба ҳамин хотир мақомоти амниятӣ ӯро шикор карданд.

Инак ба ӯ кодекси 305 ва 307 задаанд ва ӯро бо туҳмати ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон “хиёнаткор” хонда, беш аз 10 сол ҳабс медиҳанд ва ӯ баъд аз суд шуданаш солҳои худро бо пардохти 100 ҳазор доллар метавонад харад.

Ин шева, чанд сол аст, ки дар Тоҷикистон роиҷ аст ва ҳамаи мақомоти сохторҳои давлатӣ аз ин равиш пулдор шуда, соҳиби хонаю мошинҳои гаронқимат шуда, бегуноҳонро туҳмат зада, ба зиндон андохта, сарвату хонаю мошини боздоштшудаҳоро аз худ мекунанд.

Манбаъ: Корбаре ки худро корманди амният муаррифӣ карда, ҳар рӯз бо Муҳаммадӣ Соҳибназаров дар иртибот аст, ба саҳифаи Востокнюз иттиллотро фиристодааст. Востокнюз фақат нашркунандаи ин матлаб аст ва дурӯғ ё рост будани ин мақоларо таъйид ё рад намекунад!

Сиддиқи Акбар

general.images