Мамнуияти риш ва ҳиҷоб барои варзишгарон ва мураббиёни тоҷик

Дар лоиҳаи Кодекси одоби варзишгар, ки Кумитаи ҷавонон таҳия кардааст, омадааст, ки гузоштани риш ва пӯшидани ҳиҷоб барои варзишгарони тоҷик ва мураббиён манъ аст.

Ба гузориши хабаргузории Восток-Нюз, ба нақл аз сойти Ахбор, дар лоиҳаи Кодекси одоби варзишгар, ки Кумитаи ҷавонон таҳия кардааст, омадааст, ки варзишгарони тоҷик ва мураббиён бояд мӯю риш ва нохуни баланд надошта бошанд. Ба занони варзишгару мураббӣ дар ҷараёни мусобиқаҳо пӯшидани ҳиҷоб низ манъ карда мешавад.Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон лоиҳаи "Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ”-ро барои муҳокимаи умум дар нашрияи расмиаш "Ҷавонони Тоҷикистон” чоп кардааст.Дар Кодексия омада аст: Ҳангоми баромад намудан дар саҳнаи варзишӣ ба таври ҳатмӣ ҳолати гигиении варзишгар аз қабили дар бар доштани либосҳои тозаи варзишӣ, надоштани мўй ва риши баланд, инчунин нохунҳои дасту пойи баланд риоя карда шавад;Барои бонувон ба бар накардани либосҳои хусусияти динӣ дошта (сатр) ҳатми мебошад;Айни тақозо дар боби "Қоидаҳои одоби мураббӣ” низ зикр шудааст:Ҳангоми доварӣ ва намояндагӣ намудан дар саҳнаи варзишӣ ё чорабии хусусияти варзишӣ, оммавӣ ва солимгардонӣ дошта, ба таври ҳатмӣ ҳолати гигиении варзишгар аз қабили дар бар доштани либосҳои тоза, надоштани мўй ва риши баланд, инчунин нохунҳои дасту пойи баланд риоя карда шавад;Барои муррабиён ва довароне, ки бонувон мебошанд, ба бар кардани либосҳои хусусияти динӣ дошта (сатр) манъ мебошад;Дар соли 2011 барои доштани риш бозигари дастаи "Хайр”-и Ваҳдат Парвиз Турсуновро ба бозиҳо роҳ надоданд, ки дар сархати расонаҳои байналмилалӣ бозтоби густардае пайдо кард.

general.images